08.06.2018 || 14:53

Кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз дараи хушманзараи Ромити шањри Вањдатро дидан намуданд.

Дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёњї ва эњёи њунарњои мардумї кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба дараи хушманзараи Ромит сайёњати якрўза анљом доданд.
Дар љараёни сафар кормандони Агентї табиати нотакрори дараи Ромитро тамошо намуда, аз манзарањои дилфиреби он њаловат бурданд.


Зимни сафар мизи мудаввар дар мавзўи «Сайёњї: имконият, мушкилот ва заминањои нави њамкорї» доир гардид, ки кормандон сатњи дониши худро аз масъалањои тартиби ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёњї, муќаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёњї ва хизматрасонињои муносиб, аз байн бурдани низоми иљозатномадињї ба намуди фаъолияти сайёњии дохилї, зимнан, ба роњ мондани тарзи содаи бањисобгирии он, ташаккули намудњои нави хизматрасонии сайёњї, ба монанди сайёњии кишоварзї, сайёњии хонаист, саёњати нақлиётї, фароњам гардидани шароити муосид барои иштироки сармоягузорони хориљї ва ватанї дар ташкили инфрасохтори сайёњї, мукаммал намуданд.  Дар назар аст, ки кормандони Агентї доираи сафарњои худро ба дигар минтаќањои кишвар, ки табиати дилфиреб ва боду њавои муносиб дорад, дар рўзњои истироњатї идома дињанд.

Хонда шуд 296 маротиб

Дополнительная информация