08.06.2018 || 16:43

Дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Наќша-чорабинињои “Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» баррасї гардид.

Дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» бо иштироки сардорони раёсату шуъбањо ва сармутахассисони дастгоњи маркази Агентї, вилояти Хатлон ва Суѓд, шањри Душанбе, ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї бо даъвати намояндаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Барот Расулї љаласа доир гардид.

P10003261Дар рафти љаласа масъалаҳои таъмини иљрои «Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020», мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионї миёни хизматчиёни давлатї, пурзўр намудани корњои фањмондадињї дар самти мубориза бо коррупсия мавриди баррасї ќарор дода шуданд.
Барот Расулї бандњои Наќша-чорабинињои «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия барои солњои 2013-2020»-ро ба њозирин шарњу тавзењ дода, бобати тањлили хавфњои коррупсия, масъалањои иљрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионї ва дар амал татбиќ намудани он ибрози аќида намуда, ќайд намуд, ки мубориза бо коррупсия кори дастаљамъона ва умум буда, самаранокии муќовимат ба он аз иштироки фаъолонаи тамоми шохањои њокимияти давлатї дар њамоњангсозї бо љомеаи шањрвандї вобастагии зиёд дорад ва њамаи мо њамчун хизматчиёни давлатї вазифадорем, ки таъмини Наќша- чорабинињоро, ки дар заминаи «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия барои солњои 2013-2020» тањия ва тасдиќ гардидааст, дар муњлати муќарраргардида таъмин намоем.
Дар баррасии масъала кормандони Агентї иштирок намуда, барои бењтар намудани кор дар ин самт таклифу пешнињодњо намуданд ва ба саволњои додашудаи худ љавобњои мушаххас гирифтанд.
Дар ќисми ќорории маљлис љињати таъмини иљрои сариваќтии наќшаи чорабинињои Агентї оид ба иљрои «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия барои солњои 2013-2020» ва таќвият бахшидани корњои фањмондадињї ба воњидњои сохтории Агентї дастуру супоришњои мушаххас дода шуд.

Хонда шуд 70 маротиб

Дополнительная информация