05.09.2018 || 14:49

Абдураҳмон Ҳакимзода: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи нафақаро идома медиҳад, то баҳри насли калонсоли мамлакат зиндагии арзандаву сазоворро таъмин намояд»

ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аз 1 январи соли 2017 аз рӯи низоми нав  амалӣ гардидани   таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва 1 сентябри соли 2018  15 фоиз зиёд намудани андозаи он аз ҷумлаи ин тадбирҳои муҳим  маҳсуб мешавад. Хабарнигори АМИТ  «Ховар» доир ба амалишавии низоми нави таъминоти нафақа  бо сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдураҳмон Ҳакимзода  ҳамсуҳбат гардид.

 АМИТ «Ховар»: Мехостам дар бораи  низоми нави таъминоти нафақа ва принсипҳои асосии он барои хонандагони сомонаи мо каме  маълумот диҳед.

87878787878787Абдураҳмон Ҳакимзода: Дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи нафақа аз 1 январи соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки низоми нави таъминоти нафақаро пешбинӣ менамояд, қисман ва аз 1 январи соли 2017 пурра мавриди амал қарор дода шуд. Яъне аз 1 январи соли 2017 таъмини нафақаҳои шаҳрвандон дар асоси шарт ва меъёрҳои қонуни мазкур амалӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур бо принсипҳои суғуртавӣ асос ёфта, тибқи муқаррароти он андозаи нафақаи шаҳрванд на аз музди миёнаи меҳнати давраи муайян, яъне 2 соли охири фаъолият ё 5-солаи пайдарпайи интихобии тамоми давраи фаъолият, балки аз рӯи саҳмҳои суғуртавие, ки дар тамоми давраи дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доштани шаҳрванд барои ӯ аз ҷониби корфармо пардохт карда шудааст ё худи ӯ бевосита ба таври инфиродӣ пардохт намудааст, вобаста мебошад. Дар баробари ин, қонуни мазкур бисёрҷанбагии маблағгузории қисмҳои нафақаро пешбинӣ менамояд.

Чунин талабот ба ҳавасмандии шаҳрвандон барои иштироки фаъоли онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мусоидат намуда, мақсади асосии он мутобиқ намудани андозаи нафақа ба саҳми гузоштаи шаҳрванд мебошад. Яъне он  шаҳрвандонро водор месозад, ки аз пардохти саривақтии саҳмҳои суғуртавӣ аз музди меҳнаташон аз ҷониби корфармо пайваста огоҳ бошанд, онҳое ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, саҳмҳои суғуртавиро сари вақт пардохт намоянд ва аз ҳама муҳим онҳое, ки  шуғли ғайрирасмӣ доранд, дар бораи расмикунонии фаъолияти худ андеша намоянд.

АМИТ «Ховар»: Қонуни мазкур кадом намуди нафақаҳоро пешбинӣ менамояд?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Қонуни мазкур ду намуди таъминоти нафақаро пешбинӣ намудааст:
1) таъминоти нафақаи суғуртавӣ;
2) таъминоти нафақаи давлатӣ (яъне нафақаҳои иҷтимоӣ).
Ҳамчунин мувофиқи қонуни зикргардида, барои шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, таъминоти нафақаи касбӣ пешбинӣ гардидааст, ки шартҳо ва тартиби он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: Ба нафақаҳои суғуртавӣ кадом категорияҳои шаҳрвандон ҳуқуқ доранд?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Мувофиқи талаботи қонуни мазкур, ба нафақаҳои суғуртавӣ ҳангоми расидан ба синну соли нафақавӣ, муқаррар гардидани маъюбӣ ё маҳрум шудан аз саробон шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки на камтар аз 60 моҳ (ба истиснои нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо) собиқаи суғуртавӣ дошта бошанд. Собиқаи суғуртавӣ даврае ба ҳисоб меравад, ки аз музди меҳнат ва даромади дар ин давра бадастовардаи шаҳрванд саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (андозҳои иҷтимоӣ) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пардохт шуда бошад.
Нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо дар сурати доштани собиқаи суғуртавии зарурии барои ҳамон категория пешбинишуда ва расидан ба синни нафақавии муқарраршуда таъйин мешавад.
АМИТ «Ховар»: Алҳол нафақаҳои суғуртавӣ аз чанд қисм иборат буда, чӣ гуна ҳисоб ва аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Тавре дар боло зикр намудем, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бисёрҷанбагии низоми таъминоти нафақаро пешбинӣ менамояд. Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
— қисми суғуртавӣ;
— қисми захиравӣ.
Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон танҳо аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.
Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ки 90% аз ҳаҷми умумии маблағи андози иҷтимоӣ пардохтшуда муқаррар гардидааст, маблағгузорӣ карда мешавад. Яъне ҳангоми ҳисоб намудани андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ 90 фоизи тамоми саҳмҳои суғуртавии аз соли 1999 инҷониб барои корманд ё бевосита аз ҷониби худи корманд пардохтшуда, ки дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии ҳар як шаҳрванд ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки зимни ҳисоби қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ маълумоти моҳ ба моҳи музди меҳнат ё даромади шаҳрванд ба асос гирифта мешавад. Тавре шаҳрвандон иттилоъ доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб низоми баҳисобгирии инфиродӣ ҷорӣ шуда, барои ҳар як шаҳрванд, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад, рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) дода шуда, суратҳисоби инфиродӣ кушода мешавад. Аз рӯи талаботи қонунгузории соҳа, бояд дар суратҳисоби инфиродии шахс тамоми маълумоти музди меҳнат ва даромади суғурташудаи шахс инъикос карда шаванд ва зимни муроҷиат барои таъйини нафақа маҳз ҳамин маълумотҳо истифода бурда мешавад.
Собиқаи кории шаҳрвандон, ки ба давраи то 1 январи соли 1999 рост меояд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конвертатсия (бадалкунӣ) карда шуда, бо пул ифода мешавад. Зимни конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрванд барои ҳар як моҳи пурраи фаъолияти кории ӯ, ки то 1 январи соли 1999 рост меояд, маблағи сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешаванд.
Бо мақсади нигоҳдорӣ аз беқурбшавӣ ва ҳифзи қобилияти харидорӣ маблағи дар суратҳисоби инфиродии шаҳрванд ба ҳолати рӯзи муроҷиаташ барои таъйини нафақа ташаккулёфта бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия мешаванд.
Маблағи бо назардошти индексатсия ҳосилшуда, ки сармояи шартии нафақавӣ ном дорад, ба давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 180 моҳ муқаррар гардидааст, тақсим шуда, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ ҳосил мешавад.
Дар мавриди ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бошад, барои муайян намудани нафақа ба аъзои ғайриқобили меҳнати оила, саҳмҳои суғуртавии саробон ба инобат гирифта шуда, андозаи нафақа аз рӯи он муайян мешавад. Дар мавриди таъйини нафақа барои маҳрум шудан аз саробон низ чунин талабот татбиқ мегардад. Яъне агар саробони фавтида на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба аъзои оилаи ӯ, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ доранд, нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъйин карда мешавад.
Қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоии инфиродие, ки ба андозаи 1 фоиз корманд бевосита аз музди меҳнаташ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохт намудааст, бо назардошти даромад аз сармоягузории онҳо дар бонкҳо муайян карда мешавад. Яъне маблағҳои андӯхти нафақавии шаҳрвандон (1фоиза) дар бонкҳо сармоягузорӣ гардида, бо назардошти даромади бадастомада ҳарсола индексатсия карда мешаванд.
Барои муайян намудани андозаи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, ки бо назардошти индексатсия аз рӯи даромад аз ҳисоби сармоягузории онҳо ба ҳолати рӯзи муроҷиат муайян карда шудааст, ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва пас аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ муқаррар шудааст, тақсим карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи маблағи ҳосилшуда ба даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида баробар ё аз он зиёд бошад, дар ин маврид маблағи мазкур ҳамчун қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.
Барои муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ё аз рӯи маъюбӣ маблағи муайянгардидаи қисми суғуртавӣ бо маблағи муайянгардидаи қисми захиравӣ ҷамъ карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, дар ин маврид маблағи мазкур якдафъаина бо тартиби муайянгардида ба нафақагир пардохт карда мешавад.
Аммо тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ дар ҳолати мавҷуд будани маблағи андӯхти нафақавӣ, пас аз расидан ба синни ниҳоии нафақа ҳисоб, муқаррар ва пардохт карда мешаванд.
Агар дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташудаи вафоткарда маблағи андухти нафақавӣ ҷамъ шуда бошад, маблағи мазкур ба ворисонаш якдафъаина ҳисоб ва пурра пардохт карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Баъзан бинобар паст будани музди меҳнати шаҳрванд ё кам будани собиқаи суғуртавӣ андозаи қисми суғуртавии нафақаи ӯ маблағи пастро ташкил медиҳад. Оё дар чунин мавридҳо меъёри ҳадди ақал ё худ андозаи камтарин муайян гардидааст?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Албатта. Ногуфта намонад, ки дар қонуни мазкур бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ аҳолӣ, барои ҳар як намуди нафақаҳои суғуртавӣ вобаста аз собиқаи суғуртавӣ, дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ ва теъдоди аъзои ғайриқобили меҳнати оила андозаи камтарини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ, ҳамчун сатҳи кафолати давлатӣ пешбинӣ шуда, меъёри онҳо дар қиёс ба низоми қаблии нафақа зиёд гардидаанд.
АМИТ «Ховар»: Дар низоми нави нафақа масъалаи таъминоти нафақаи шаҳрвандоне, ки дар асоси шаҳодатномаву патент ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, инчунин онҳое, ки аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ба инобат гирифта шудааст?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Бале. Дар Қонуни зикршуда мафҳуми умумии «шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» истифода мешавад. Имрӯз бо қонунгузории соҳаи андоз, тартиби пардохти андози иҷтимоӣ, яъне саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ муайян гардидааст. Ин гурӯҳи шаҳрвандон низ дар сурати доштани собиқаи суғуртавии зарурӣ, ки ин қонун пешбинӣ менамояд, ба нафақаҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд. Яъне моҳе, ки соҳибкори инфиродӣ ё аъзои хоҷагии деҳқонӣ саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааст, собиқаи суғуртавӣ ба ҳисоб меравад ва ин маблағҳо дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос карда мешаванд. Ва онҳо ҳуқуқ пайдо намудаанд, ки ҳангоми ба нафақа баромадан андозаи нафақаашон аз рӯи ҳаҷми маблағҳои ташаккулёфта муайян карда шавад.
АМИТ «Ховар»: Дар асоси қонуни зикршуда, кадом категорияҳои шаҳрвандон барои гирифтани нафақаҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Тавре иттилоъ дода шуд, қонуни мазкур дар баробари таъминоти нафақаи суғуртавӣ, ҳамчунин таъминоти нафақаи давлатиро пешбинӣ менамояд. Шаҳрвандоне, ки аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ доранд, дар ҳолати ба синну соли нафақавӣ расидан ё маъюб эътироф гардидан ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ таъйин карда мешавад.
Дар мавриди таъйини нафақа барои маҳрум шудан аз саробон низ чунин талабот муайян гардидааст. Яъне агар саробони фавтида аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба аъзои оилаи ӯ нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъйин карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар низоми нави таъминоти нафақа ба кадом категорияҳои шаҳрвандон иловапулӣ ба нафақа пешбинӣ гардидааст?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Мувофиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста аз мақоми иҷтимоӣ, номусоидии иқлими минтақаи ҷойи истиқомат ё дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ иловапулӣ пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар низоми қаблии нафақа ба нафақаҳои иҷтимоӣ иловапулӣ пешбинӣ нагардида буд. Аммо дар низоми нав бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ барои баъзе гурӯҳҳои ба нигоҳубин эҳтиёҷдоштаи аҳолӣ иловапулӣ пешбинӣ шудааст.
Андозаи иловапулиҳо аз рӯи шартҳое, ки ин қонун муайян намудааст, аз 50 то 150 фоизи нафақаи заминавиро ташкил менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ, ки таъйин мегарданд, бинобар тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ бозҳисобӣ карда мешаванд? Агар бозҳисобӣ шаванд, пас тартиби зиёдшавии онҳо чӣ гуна пешбинӣ гардидааст?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Бо мақсади нигоҳдорӣ аз беқурбшавӣ ва ҳифзи қобилияти харидории воситаҳои пулии шаҳрвандон, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ҳар сол як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ дар соли молиявии гузашта индексатсия карда мешаванд.
Нафақаҳои иҷтимоӣ бошанд, бо зиёд гардидани андозаи нафақаи заминавӣ вобаста аз имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ бозҳисобӣ карда мешаванд.
Индексатсияи нафақаҳо ва муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар низоми нави таъминоти нафақа дар андозаи нафақаҳо маҳдудият пешбинӣ шудааст?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Дар низоми нави таъминоти нафақа, ки андозаи нафақаи шаҳрванд аз рӯи саҳмҳои суғуртавии пардохтшуда ҳисоб ва муайян карда мешавад, маҳдудият дар ҳадди ниҳоии нафақаҳо муқаррар карда нашудааст. Яъне маблағи нафақаи аз рӯи саҳмҳои суғуртавӣ ҳосилшуда бе маҳдудияти андоза ба нафақагир таъйин ва пардохт карда мешавад, ки ин яке аз афзалиятҳои низоми нави таъминоти нафақа маҳсуб мешавад.
АМИТ «Ховар»: Нафароне ҳастанд, ки баъди нафақа баромадан тариқи шартнома фаъолият менамоянд ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд. Оё ин ба ҳаҷми нафақаи онҳо таъсир мерасонад?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Мувофиқи моддаи 46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешбинӣ гардидааст, ки нафақагироне, ки пас аз таъйини нафақаи суғуртавӣ фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд ва аз музди меҳнат ё даромади бадастовардаашон саҳмҳои суғуртавӣ пардохт карда мешавад (ё худи ӯ бевосита пардохт менамояд), ҳуқуқ доранд, ки як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ андозаи нафақаашонро бозҳисобӣ намоянд.
Бозҳисобии андозаи нафақа дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъйини нафақаи суғуртавӣ фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.
АМИТ «Ховар»: Ҳангоми таъйини нафақаи шаҳрвандон мукофоти давлатӣ ба назар гирифта мешавад? Аз доштани он чанд фоиз ба нафақа илова мегардад?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Мувофиқи талаботи қонунгузории соҳаи таъминоти нафақа, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд. Андозаи иловапулӣ ба нафақа барои мукофотҳои давлатӣ бошад, мувофиқи моддаи 33-и Қонуни мазкур муайян шуда, зимни таъйини нафақа агар шаҳрванд бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардида бошад ва тибқи талаботи қонун ба иловапулӣ ҳуқуқ дошта бошад, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пешниҳоднамудааш аз ҷониби сохтори дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, яъне ҷойи истиқомат ба ӯ иловапулӣ ҳисоб ва муқаррар карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд, чӣ гуна ба нафақа мебароянд?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар дигар давлатҳо кору фаъолият намудаанд, дар айни замон дар асосҳои умумӣ аз рӯи тартибе, ки дар боло баён доштам, амалӣ карда мешавад. Яъне дар сурати ба нафақа ҳуқуқ пайдо намудан агар муҳоҷири меҳнатӣ на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ дошта бошад ва аз рӯи музди меҳнат ва даромади бадастовардааш ба мақомоти ваколатдори давлатӣ саҳмҳои суғуртавӣ пардохт гардида бошад, ба ӯ нафақаи суғуртавӣ таъйин карда мешавад.
Дар сурате, ки аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба ӯ нафақаи давлатӣ, яъне иҷтимоӣ таъйин карда мешавад. Давраи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ берун аз мамлакат сурат гирифтааст, зимни ҳисобу таъйини нафақа ба инобат гирифта намешавад. Зеро дар айни замон масъалаи ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани маблағи саҳмҳои суғуртавие, ки онҳо аз музди меҳнат ё даромадашон дар дигар давлатҳо пардохт менамоянд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ ба танзим дароварда нашудааст.
Дар айни замон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори ҷониби Федератсияи Россия масъалаи таъминоти нафақаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ менамояд.
Дар ин самт лоиҳаи шартномаи дахлдор таҳия гардида, дар доираи он баҳри такмили ин масъала ҷаласаҳои машварати коршиносони ҳарду чониб доир мегарданд. Алҳол кор дар ин самт идома дошта, ҳамчунин мутобики моддаи 212 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ихтиёран аз музди меҳнат ва даромади худ бо тартиби муқаррнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андози иҷтимоӣ пардохт намоянд.
АМИТ «Ховар»: Тавре иттилоъ дорем, алҳол ислоҳоти соҳаи нафақа идома дорад. Дар ин бора чӣ гуфтанӣ доред?
Абдураҳмон Ҳакимзода: Бале, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи нафақаро идома дода, дар ин самт тадбирҳои судманд меандешад, то баҳри насли калонсоли мамлакат зиндагии арзандаву сазоворро таъмин намояд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми волатдор дар таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар партави сиёсати хирадмандона ва дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти соҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таҷрибаҳои пешқадам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Итминон дорем, ки дар ин соҳа мо ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем, зеро бо ин мақсад тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд.

Хонда шуд 170 маротиб

Дополнительная информация