07.09.2018 || 16:00

Чорабинї ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

     7 сентябри соли 2018 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона барпо гардид.

      Муовини Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Шарифзода Ф.Н. ҳозиринро шодбош гуфта, ќайд намуд, ки бистуњафт сол муќаддам миллати куњанбунёд ва соњибфарњанги мо ба дастоварди бузург – Истиќлолияти давлатї ноил гардид, ки имрўз мову шумо ин љашни муборакро бо камоли ифтихору сарфарозї љашн гирифта истодаем.
      Барои мо ифтихори бузург аст, ки Тољикистони азизамон дар даврони истиќлолият рў ба инкишоф нињода, ба дастовардњои беназир ноил гардид ва сатњи сифати мардуми он боз њам хубтару бењтар гардида, аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди мењнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 15–20 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
      Хурсандиовараст, ки њамаи ин пешравию муваффаќиятњо дар натиљаи ба даст овардани Истиќлолияти давлатии кишвари азизамон ва сиёсати оќилонаву дурандешона ва ташаббусњои беназири Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст омадааст, ва ин њама боиси сарбаландї, ифтихори миллати тољик ва тамоми тољикистониён мебошад.
       Дар фарљоми суханронии худ Шарифзода Ф.Н ќайд намуд, ки боварии комил дорам, ки кормандони Агентї бо њисси баланди миллї ва ватандорї, бо мењнати њалол ва азму иродаи ќавї дар пешрафт ва рушду нумуи соњањои иљтимии љумњурии азизамон сањми арзандаи худро мегузоранд ва љашни бузурги миллї- 27 солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистони азизамонро сазовор пешвоз мегиранд.
     Дар фароварди чорабини мазкур як ќатор кормандони дастгоњи марказї, раёсат ва шуъбањои вилоятї, шањрї ва ноњиявии Агентї барои даствардњои назаррас дар рушди соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа бо Ифтихорнома ва Рањматнома- и Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сарфароз гардиданд.

Хонда шуд 108 маротиб

Дополнительная информация