08.10.2018 || 16:00

Сафари њайати намояндагони Љумњурии Тољикистон оид ба омўзиши низоми таъминоти нафақаи Љумњурии Белорус:

     Бо розигии Њукумати Љумњурии Тољикистон як гурўњ намояндагони маќомоти давлатї аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон дар њайати 6 нафар аз 17 то 21 сентябри соли ҷорӣ бо маќсади омўзиши низоми таъминоти нафаќаи Љумњурии Беларус, бахусус низоми касбии таъминоти нафаќаи он, ба Љумњурии Беларус сафар намуданд. Сафари омўзишии мазкур аз љониби Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттињоди Аврупо маблаѓгузорї мегардад, ташкил карда шуда, њамзамон намояндагони он дар љараёни ин сафар иштирок намуданд.


     Ба њайати шашнафараи намояндагони маќомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инњо шомил буданд: Одиназода Нозокат - муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон – роњбари гурўњ, Ҳакимзода Абдураҳмон – сардори Раёсати таъмини сиёсати суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафќаи Агентї, Насрединов Шуњрат – сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентї, Абдуллоев Ғайратшо - муовини сардори Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимої ва ҳисоббарии актуарии Агентї, Рузиев Файзалӣ - муовини сардори Раёсати танзими кўмакпулињои иљтимої ва нафаќањои касбї ва Абдуҷаббор Зарифӣ намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Њадафи сафари мазкур аз омўзиши низоми таъминоти нафаќаи Љумњурии Беларус, бахусус низоми касбии таъминоти нафаќа иборат буд. Омўзиши низоми таъминоти нафаќаи Љумњурии Беларус аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон интихоб гардид, зеро он ба низоми касбии таъминоти нафаќаи Љумњурии Тољикистон, ки дар доираи ислоњоти соња пешбинї карда шудааст, мувофиќат дошт. Њайати Љумњурии Тољикистон њамчунин хоњиш намуданд, ки зимни сафар масъалањои банаќшагирии буљети давлатї (буљети соњаи нафаќа), бањисобгирии инфиродии шахсони суѓурташуда дар низоми суѓуртаи давлатии иљтимої ва љорї гардидани суратҳисобҳои инфиродӣ ва маблағгузории Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Љумњурии Беларус мавриди омўзиш ќарор дода шаванд.расм 2
      Вохӯриҳо ва машваратҳо бо мутахассисони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Љумњурии Беларус ва Фонди ҳифзи иҷтимоии ањолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Љумњурии Беларус гузаронида шуданд. Муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Љумњурии Беларус низоми таъминоти нафаќаи Љумњурии Беларусро дар маљмўъ шарҳ дода, барои шиносої бо тартиби кори якљояи барномањои гуногун дар соњаи таъминоти нафаќа ба њайати намояндагони Љумњурии Тољикистон мусоидат намуд. Дар доираи сафари мазкур ҳайати Љумњурии Тоҷикистон аз Идораи Фонди њифзи иљтимоии ањолии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Беларус дар шаҳри Минск, Шуъбаи Фонди мазкур дар вилояти Минск ва њамчунин ноњияи Заводски шањри Минск дидан намуданд.
    Зимни сафар њайати намояндагони Љумњурии Тољикистон бо тартиби кори низоми касбии таъминоти нафаќа дар Љумњурии Беларус, аз љумла тартиби ташхиси шароити кории љойњои кории дорои шароити махсуси мењнат, пардохти сањмњои суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї, бањисобгирии сањмњои суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї дар суратњисоби инфиродии шахсони суѓурташуда, индексатсияи њарсолаи маблаѓњои суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї, њисоб, таъин ва нафаќањои касбии пеш аз муњлат ва иловагї ки яке аз њадафњоси асосии сафари омўзишї мањсуб меёфт, аз презентатсияи масъулини Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Беларус ва Фонди њифзи иљтимоии ањолии вазорати мазкур шинос гардиданд. Дар баробари ин, дар љараёни сафар тартиби бањисобгирии инфиродии шахсони суѓурташуда дар низоми суѓуртаи давлатии иљтимої, љорї намудани суратњисобњои инфиродии шахсони суѓурташуда, пешбурди суратњисобњои инфиродї, тартиби ќабули њисоботњо аз корхонаву ташкилотњо ва ташаккули маълумотњои инфиродии шахсони суѓурташуда, инчунин љараёни тањияву ќабули Буљети Фонди њифзи иљтимоии ањолии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Беларус, тартиби људо намудани маблаѓњои мусоидати молиявї ба Буљети Фонди мазкур барои маблаѓгузории пардохтњои ѓайрисуѓуртавї ва тартиби маблаѓгузории нафаќа ва кўмакпулињои иљтимої муаррифї карда шуд.
      Сафари омўзишї барои аз худ намудани иттилооти зарурї љињати истифода дар љараёни татбиќи ислоњоти минбаъдаи соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи Љумњурии Тољикистон, бахусус амалї намудани низоми касбии таъминоти нафаќа барои кормандоне, ки дар корњои дорои шароити махсуси мењнат ва намудњои алоњидаи фаъолияти касбї фаъолият менамоянд, хеле муфид буд ва барои фаҳмидани он ки чї гуна метавонанд барномањои ба њам монанд дар Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Беларус амал намоянд, мусоидат намуд.
       Бинобар ин, њайати намояндагони Љумњурии Тољикистон ба масъулини Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Беларус ва Фонди њифзи иљтимоии ањолии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Беларус барои мусоидат дар тамоми масъалањо дар љараёни сафари омўзишї изњори сипос менамояд. Њамчунин, ба Сафорати Љумњурии Тољикистон дар шањри Мински Љумњурии Беларус низ барои кўмак ва рањнамої дар ин сафар миннатдории худро баён менамояд.

Хонда шуд 34 маротиб

Дополнительная информация