10.10.2018 || 12:00

Иштирок дар конференсияи байналмилалї дар мавзўи «Хизматрасонињои электронї дар системаи нафаќаи Љумњурии Арманистон»

    Бо розигии Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон № 62, аз 19 сентябри соли 2018 муовини Директори Агентї Шарифзода Файзулло Неъмат ва муовини сардори Раёсати технологияи иттилоотї Каримов Мањмадалї Ќурбонович ба муњлати 4 рўз аз 26 то 28 сентябри соли ҷорӣ бо маќсади иштирок дар семинар машварати Ассотсиатсияи фондњои нафаќа дар мавзўи «Хизматрасонињои электронї дар системаи нафаќаи Љумњурии Арманистон» иштирок намуданд.

     Дар конференсия намояндагони фондњои нафаќа, аз љумла Федератсияи Россия, Арманистон, Белорус, Гурљистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва Молдова низ иштирок доштанд.
      Њар як намояндагони давлатњои иштирокнамуда презентатсияњои худро оид ба хизматрасонињои электронї дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа пешнињод намуданд.
      Аз љониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон низ презентатсияи оид ба хизматрасонии электронї дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа пешнињод карда шуд.
      Аз конференсияи мазкур љињати хизматрасонињои электронї дар системаи нафаќа масъалањои муњиму назаррасро омўхта, муайян намудем, ки ин раванд дар соњаи фондњои нафаќаи дигар давлатњо натиљањои хуб додаанд.image 78      Аз ин лињоз, презентатсияи дигар давлатњоро ба сардорони Раёсатњои Агентии дастгоњи марказї пешкаш намуда, маќсад дорем, ки дар оянда он масъалањое, ки барои пешравии фаъолияти системаи электронии нафаќа муњим њаст омўхта дар фаъолияти ояндаамон истифода барем.
      Бинобар ин, њайати намояндагии Љумњурии Тољикистон ба масъулини Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Арманистон, Хадамоти давлатии таъмини иљтимоии Љумњурии Арманистон ва Ассотсиатсияи байналмиллалии фонди иљтимої ва нафаќа, барои мусоидат дар тамоми масъалањо дар љараёни сафари омўзишї изњори сипос менамояд.

Хонда шуд 220 маротиб

Дополнительная информация