Версия для печати
20.04.2020 || 15:30

Истиќбол аз Истиќлол

Дар асоси супориши Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2010, №24/10-15 бо маќсади вусъат бахшидан ба раванди корњои ободонию бунёдкорї дар шањри Исфараи вилояти Суѓд аз 1 то 8 апрели соли 2020 сафари кории директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба вилояти Суѓд доир гардид.

Зимни сафар, раванди корњои анљомдодашуда ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан дар он корњои созандагиву бунёдкорї ва баланд бардоштани тафаккури солими љомеа дар самти созандагиву ободкорї ва арљгузорї ба муќаддасоти миллї, ташкил ва гузаронидани конфронсу нишастњои илмиву назариявї доир ба наќши бузурги Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон њамчун рамзи пойдории давлат, њастии миллат ва шарафу эътибори Тољикистони азизамон, ки хусусияти доимї доранд, пешбинї гардидаанд, дар вохўрї бо Раиси вилояти Суѓд Раљаббой Ањмадзода мавриди баррасї ќарор дода шуд.

Њамзамон, дар якљоягї бо раиси шањри Исфара ва фаъолони шањр масъалаи амалишавии бандњои Наќша ва корњои анљомдодашуда муњокима гардиданд. Омўзиши масъала муайян намуд, ки љараёни пешбурди корњои созандагиву бунёдкорї бахшида ба таљлили 30 солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Исфара давра ба давра иљро гардида, мувофиќи Наќшаи чорабинињо, дар соли 2020 сохтмон, азнавсозию барќароркунї ва таъмиру тармими 124 адад иншооти љашнї ба маблаѓи умумии 52,6 млн.сомонї ба наќша гирифта шуда, дар давоми семоњаи якуми соли љорї, дар 108 иншоот корњо ба маблаѓи он 38,5 млн.сомонї ба роњ монда шудааст. Аз лоињањои банаќшагирифташуда, сохтмону азнавсозї ва таъмиру тармими 32 адад иншоот пурра ба итмом расонида шуд, ки 25,8 фоизи иљроишро дар соли 2020 ташкил менамояд, вобаста ба иљрои лоињањои боќимонда корбарї љараён дорад.
Ќобили ќайд аст, ки сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 2019 оѓоз гардида, айни њол корњои сохтмонї ва васлгарї идома ёфта истодаанд. Бинои мазкур дар арафаи таљлили 30-солагии Истиќлолияти кишвар пурра омода ва мавриди истифода ќарор дода мешавад.DSCN204266


Бо истифода аз фурсати муносиб, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумхурии Тољикистон дар маљлиси љамъбастии Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд иштирок намуданд. Љаласа бо даъвати намояндагони маќомоти дахлдори давлатї ва воњидњои сохтории Агентї дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд доир гардида, тамоми самтњои фаъолияти раёсат мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуд.

Хонда шуд 2185 маротиб