Версия для печати
16.07.2020 || 16:10

Сафари кории директори Агентї Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба шањри Исфараи вилояти Суѓд

Бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 25 июни соли 2020, аз 1 то 8 июли соли 2020 сафари кории директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољкистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба шањри Исфараи вилояти Суѓд доир гардид.

Зимни сафар ва шиносої бо маълумоту њисоботи Маќомоти мањаллии њокимияти давлатии шањри Исфара, Давлатзода Д.А. дар њамоњангї ва њамдастї бо раиси шањри Исфара Сулаймонзода Акрам Рањим ва масъулони шањр ба як ќатор љамоату мањалњо ва корхонањои амалкунанда ташриф оварда, бо ањолї, синфи коргару дењќон суњбатњо доир намуданд ва ба рафти сохтмону таъмири иншооти љашнї шинос шуданд.
Дар самти иљрои корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, дар шањри Исфара дар соли 2018 аз 106 лоиҳаи ба маблағи 450,9 млн.сомонӣ ба нақша гирифташуда, корњо ба маблағи 446,4 млн.сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.
Дар соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншооти нақшавии соли 2019 ба маблағи умумии 85,7 млн.сомонӣ ба роҳ монда шуда, 73,1 млн.сомонӣ иљро карда шудааст.

IMG 20200706 102214фффф

Соли 2020 азнавсозию барқароркунӣ ва таъмиру тармими 124 адад иншооти ҷашнӣ ба маблаѓи умумии 52,6 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай беш аз 57,3 % иљро гардидааст.
Ҳангоми шиносоӣ бо масъалањои истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, кишти картошка ва ғалладонагиҳо, љамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ содироти он ва кишти такрорӣ, пешгирии сар задани сӯхтор дар ғаллазорҳо, њолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятї, назорати сарњадї аз интиќолу пањншавии беморињои сироятї, пешгирии бемории сироятии коронавирус, сатњи омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли хониш ва таъминот бо либоси мактабӣ, рафти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ањамият дода шуда.
Муайян гардид, ки дар ин самтњо омодагињо хеле љиддї ба роњ монда шуда, корњои ободонию созандагї дар шањри Исфара дар муддати нимсолаи аввали соли 2020 хеле вусъат ёфтааст.
Дар мавриди дидан намудан аз рафти сохтмони калонтарин иншооти љашнї, Комплекси варзиши ва хизматрасонї, сохтмони автовокзали нав, бинои Маркази хизматрасонї бо манзилњои истиќоматї дар ошёнањои болої, муассисањои таълимї ва вохурињо бо ањолї ва кормандон ва дидан намудан аз фаъолияти Фабрикаи пойафзолдўзии “Исфара Саманд”, коргоњи дўзандагии љамоати дењоти Чилгазї, Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва банду басти меваи хушки “Субњи Ватан” рушду такоммули соњањои мухталиф ба назар расида, дар нигоњи мардум њисси баланди ватандўстї ва масъулияти баланди ватандорию омодагињо ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон эњсос мегардад.

IMG 20200706 115135

Хонда шуд 1846 маротиб