Версия для печати
23.07.2020 || 15:16

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТЇ

21 июли соли 2020 љињати иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011 «Дар бораи баргузор намудани нишастњои матбуотї бо намояндагони воситањои ахбори омма» дар толори маркази матбуоти љумњуриявии Агентии миллии иттилоотии Тољикистон “Ховар” вохўрии кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Нишасти матбуоти мазукурро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ифтитоњ намуда, иброз доштанд, ки боварї дорам, вохўрии навбатии мо чун њамешагї дар фазои озоду якдигарфањмї сурат мегирад.

Дар оѓози нишаст Давлатзода Д. А. доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар шаш моњи соли 2020 ва вазифањо љињати рушди соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар нимсолаи дуюми соли 2020 маълумоти мушаххас дода, ќайд намуданд, ки рушди соња асосан аз дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон замина мегиранд.

Дар ин раванд, Агентї бо маќсади таъмини иљрои уњдадорї, вазифањо, инчунин сари ваќт ислоњ намудани камбудињо дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, њамзамон татбиќи самараноки њадафњои пешбининамудаи стратегияву барномањои давлатї ва амалї намудани ислоњоти соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, тадбирњои њамаљониба меандешад.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгририи сарзадани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷорӣ намудани шаффофу кушоди низоми таъминоти нафақа ба шаҳрвандон силсила чорабиниҳоро анҷом намуд, аз ҷумла:
- бо мақсади такмили механизми таъин ва пардохти нафақаҳо, аз ҷониби Агентӣ низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агентиро такмил дода шуда тақсимоти вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо мушаххас гардонида шуда тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд;
- функсияҳои такрорӣ байни шуъбаҳо ва шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бартараф карда шуда, равандҳои ҳамкориҳои иттилоотӣ беҳтар гардонида шуда, тартиби коркарди ҳуҷҷатҳои нафақа содда карда шуд.
- дар сатҳи мақомоти маҳаллии Агентӣ дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» марказҳои хизматрасониро барои нафақахӯрон таъсис гардид. Тибқи тартиби нав, ҳар як мутахассис, ки ариза дар бораи таъин ва баррасии нафақаро қабул мекунад, нусхаҳои сканшудаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи нафақахӯрро таҳия мекунад ва дар шакли Excel файли нафақа тартиб медиҳад, ки баъд бо истифодаи шабакаи алоқаи интернет ба марказҳои баҳисогирии инфиродӣ барои коркард фиристода мешавад.
- барои ташкили баҳисобгирии электронии босифати нафақагирон, Қоидаҳои ташкили таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд;
- шаклҳои ариза, қарорҳо, маҷаллаҳо ва китоби бақайдгирӣ, феҳристҳо, санадҳо, ҳуҷҷатҳои пардохт барои санадҳои меъёрии дохилии маҳаллӣ таҳия карда шуданд. Барои таъмин ва пешбурди баҳисобгирии пардохтҳои нафақа беш аз 130 шакл таҳия карда шудааст.
Мувофиќи натиљањои љамъбасти пешакї, дар нимсолаи якуми соли 2020 ба Буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 1297,7 млн. сомонї ворид гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 68,9 млн. сомонї ё 5,0 фоиз кам мебошад.
Аз њисоби сањмњои суѓуртаи иљтимоии инфиродї (1%) бошад, дар нимсолаи якуми соли љорї ба суратњисоби Агентї 47 278,2 њазор. сомонї маблаѓ ворид гардид, ки дар муќоиса ба њамин давраи соли гузашта, ки 49 468,0 њазор сомонї ворид гардида буд, 2 189,8 њазор сомонї камтар аст.
Аз њисоби маблаѓњои андози иљтимої, мувофиќи маълумоти воќеии аз љониби корхонаву муассисањо дар семоњаи якуми соли 2020 пешнињодгардида ба 66719 нафар 37 531,1 њазор сомонї кўмакпулињои иљтимої пардохт карда шудааст.
Дар љараёни нишасти матбуотї саволњои аз љониби рўзноманигорон пешкаш шуда, роњбарият ва сардорони воњидњои сохтории Агентї ба саволњои худ љавобњои мушаххасу муфассал гирифтанд.
Дар фарљоми вохўрї ќайд гардид, ки дар муддати як соли охир њамкорињои Агентї бо васоити ахбори омма хеле вусъат ёфтааст ва мутахассисони Агентї пайваста дар шабакањои гуногуни телевизион ва радио мусоњибаю баромадњо мекунанд.
Дилмурод Давлатзода хотиррасон намуданд, ки навоварињое, ки дар соња ба вуќўъ мепайванданд, мунтазам дар сомонаи Агентї, ки бо суроѓаи www.nafaka.tj фаъол мебошад, љойгир карда мешаванд. Агентї њама ваќт омодааст, бо шањрвандон, хусусан намояндагони васоити ахбори омма суњбату машваратњо доир намояд.

IMG 20200721 112359ввввтаафрой

Хонда шуд 1721 маротиб