Дар рафти љаласа масъалањои зеринро баррасї шуданд:
- риояи муқаррароти моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва ҳамкорӣ дар ташкили Феҳристи ягонаи нафақагирон;
- пешниҳоди маълумоти зарурӣ барои ташкили Феҳристи ягонаи нафаќагирон;
- муњокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд”.
Дар љараёни љаласа роҳҳои ҳамкорӣ ва усулҳои мубодилаи иттилоотӣ байни маќомотњои ќудратї ва Агентї мавриди муњокимаи васеи иштирокчиён ќарор гирифт.
Иштирокдорон ба мувофиќа омаданд, ки дар чорчўбаи ќонунгузории амалкунанда ташкили Фењристи ягонаи нафаќагирон мувофиќи маќсад буда, барои пешгирии њолатњои содиршавии ќонуншиканї дар соњаи таъминоти нафаќа мусоидат менамояд.