Версия для печати
30.06.2021 || 10:23

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни 2021 бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ мухтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар баромади худ кормандонро табрик карда, ба хамаи иштирокчиён саломатии хуб, хушбахтї фазои солиму осоиштаро бар сараш ва муваффақияти сулҳро таманно намуд.

Давлатзода Д.А. аз ҷумла қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 давраи нави давлатдории Тоҷикон оғоз гардида ин таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳми, ки бо талошу заҳматҳои ҳалқи Тоҷик ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст боиси пешрафти имрузаи кишвар ва рушду гулгуншукуфонии азизи мо гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа, ба кормндони Агентӣ, ки дар рушди суботи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа саҳми арзанда гузоштаанд, “Сипосномаҳо” тақдим карда шуд.

Дар давоми чорабини бо иштирокдорон аз ҷониби гурӯҳи коргарон намоиши консерти тақдим карда шуд.

46-1

Хонда шуд 1094 маротиб