Дар хониши идоравї муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї» ва раванди таъйину пардохти ин намуди нафаќа, ки њамчун имтиёзи иљтимої барои фаъолият дар шароити махсусу вазнини корї ба шањрвандон дода мешавад, мавриди омўзиш ќарор дода шуд.
Баланд бардоштани сатњи дониш, таљриба ва мањорати кории кормандон аз вазифањои аввалиндараљаи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб рафта, дар ин самт, аз љониби роњбарияти Агентї пайваста тадбирњо андешида мешаванд.
Хониши идоравї бо риояи ќоида ва талаботи бењдоштию зиддиэпидемикї баргузор гардида, њамзамон оиди пурзўр намудани чорањои пешгирикунанда аз пањншавии вируси сироятии коронавирус ва барои пурра аз иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси COVID-19 гузаштани тамоми коргарон дастурњо дода шуд.