Нишасти матбуотиро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ифтитоњ бахшида, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар муддати ним соли 2021 маълумоти мушаххас доданд.
Таваљљўњи бештари хабарнигорон ба ба маълумотњо љињати иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон љалб гардид, ки тайи ду соли охир ѓамхорињо нисбат ба ќишри осебпазири љомеа хеле зиёд ба назар расиданд. Супоришњои пайдарпайи солњои 2020 ва 2021 барои зиёд намудани андозаи нафаќаи нафаќагирон, хусусан нафаќагирони маъюби дар паёмњои ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ироагардидаро роњбарияти Агентї ва њам намояндагони васоити ахбори омма далели ѓамхорињои беандозаи Пешвои миллат арзёбї намуданд.
Директори Агентї дар баробари дарљи дастоварду муваффаќиятњои Агентї, аз душворињои соња, хусусан аз раванди зиёдшавии нафаќаро дуруст дарк намудани нафаќагирон, сари ваќт њисобот пешнињод намудани соњибкорон, ки дар мавриди таъйини нафаќа ба манфиати худи онњо мебошад, инчунин аз шартномабандии корхонањои дорои шароити махсус ва махсусан вазнини корї бо Агентї љињати таъмини нафаќаи касбии кормандони онњо ёдовар гардида, барои њамкорињо дар ин самт аз воситањои ахбори омма даъват ба амал оварданд.
Суњбату саволу љавобњо ба таври озоду шаффоф гузаронида шуданд ва тамоми рўзноманигорон ба саволњои худ љавобњои мушаххасу муфассал гирифтанд.
Њамзамон рўзноманигорон аз доир намудани суњбати озод ва њамкорињои пайваста бо воситањои ахбори омма изњори ќаноатмандї намуданд.
21.07.2021