Версия для печати
13.10.2021 || 10:06

Ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли 2021

Санаи 12 октябри соли 2021 љаласаи њайати Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир гардид.

Дар маљлис масъалањои зерин мавриди баррасї ќарор дода шуданд:

1. Натиҷаҳои фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар нўњ моњи соли 2021 ва вазифањо барои рушди соњаи суѓрутаи иљтимої ва нафаќа то охири соли 2021;
2. Муњокимаи бозњисобии нафаќа тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 майи соли 2021, №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафаќањои гурўњњои алоњидаи нафаќагирон, ки ба онњо нафаќа аз рўи маъюбї таъин ва пардохт мегардад”.

Раиси Мушовара, директори Агентї муњтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек оиди пешрафту мушкилоти соња сухан гуфта, иброз доштанд, ки фаъолияти Агентї асосан ба самти иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон замина гирифта, аз тамоми имкониятњо истифода мегардад, то ки вазифаву уњдадорињои ба зиммаи мо дар самти таъмини њуќуќњои иљтимоии ањолї гузошташуда, сари ваќт ва дар сатњи зарурї иљро гарданд.

Дар нўњ моњ ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої бо назардошти харољоти корхонаву муассисањо 2 502,2 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 510,6 млн.сомонї ё 25,6 фоиз зиёд мебошад. Барои пардохти нафаќаву кўмакпулињои иљтимої 2 233,2 млн.сомонї харољот карда шудааст.

Теъдоди умумии нафаќагирон дар љумњурї ба њолати 1 октябри соли 2021 ба 738465 нафар расидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 19137 нафар ё 2,7 фоиз зиёд гардидааст. Талаботи моњонаи нафаќа дар як моњ 247,3 млн.сомониро ташкил намудааст, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 27,1 млн. сомони ё 12,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Доир ба масъалаи дуюми љаласа, директори Агентї Давлатзода Д.А. аз якуми сентябри соли љорї зиёд гардидани нафаќаи шахсони маъюб, ки дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон роњандозї гардидааст, боз як кўмак ва ѓамхории навбатии Пешвои муаззами миллат нисбат ба маъюбон ва табаќањои ниёзманди ањолї арзёбї намуда, ќайд намуданд, ки супориши мазкур барномаи асосии фаъолият ва яке аз дастовардњои навбатии соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ба њисоб меравад.

Бо маќсади иљрои сариваќтии фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 майи соли 2021, №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафаќањои гурўњњои алоњидаи нафаќагирон, ки ба онњо нафаќа аз рўи маъюбї таъин ва пардохт мегардад” ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 июли соли 2021, №297 фармоиши директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз 6 августи соли 2021, №ф-65 ва дар ин замина, Дастурамали дахлдор љињати дар амал татбиќ намудан бо мисолњои намунавї барои њолатњои алоњидаи дахлдор тасдиќ карда шуд. Њамзамон, бо маќсади тавзењ ва дуруст ба роњ мондани марњилаи бозњисобии нафаќањо, семинар машварат бо иштироки кормандони воњидњои сохтории Агентї дар вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї гузаронида шуд.

Бозњисобии асноди нафаќавї бо маќсади зиёдшавии нафаќањо дар сатњи љумњурї пурра ва сари ваќт анљом дода шуда, шумораи нафаќагирони маъюбе, ки ба зиёдшавї фаро гирифта шуданд, 62445 нафарро ташкил дод.

Баъд аз баррасии масъалањои дигари дар рўзномаи љаласа гузошташуда, ба сардорони воњидњои сохтории Агентї дастуру супоришњои мушаххас дода шуд.

51-1  51-2

12.10.2021

Хонда шуд 1232 маротиб