Версия для печати
21.12.2021 || 14:40

Паёми Президент

Баргузории ҷаласа дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гуш кардани Паёми навбатии Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Имруз, 21 декабри соли 2021 дар толори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –Агентӣ) ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ бо мақсади гуш кардани Паёми навбатии Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба депутатҳои Маҷлиси миллӣ ва Маджлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда, аз таҳлилҳои вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат, насиҳату тавсияҳои падаронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои пурмуҳтаво барои расидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардида баҳра бурдааанд.

Паёми Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як нишонаи сулҳу суботи кишвар, ваҳдату якдилии мардуми Тоҷикистонро испод намуда, қадамҳои минбадъа бо мақсади расидан ба истиқлолиятӣ энергетики, рушди индустриалии иқтисодиёт, таъмини шуғли пурмасъул ва бехатарии озуқавориро муайян месозад. Инчунин, таъмини иҷрои вазифаҳои мазкур барои беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, зиёд намудани андозаи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ замина гузошта, ҷиҳати баланд намудани самаранокии соҳаи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Кормандони Агентӣ аз роҳбарии беҳамто ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ ва шукрона карда истода, аз он ифтихор менамоянд, ки дар ҳар яки Паём оид ба беҳтар гардонидани вазъи маъюбон, кудакон ва пиронсолони ниёзманд вазифагузории мушаххас гардида, масъалаҳои зиёд намудани андозаи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ бевосита таҳти назорати доимии Ҷаноби Олӣ қарор дорад ва вобаста ба ин ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои миллат оид ба аз 1 июли соли 2022 баробари 25 % аз андозаи ҳадди ақали нафақа зиёд намудани андозаи нафақаҳои ятимони кулл ва кудакони бепарастормонда тасмим гирифтанд, ки баҳри иҷрои саривақтии вазифаҳои вогузоршуда тамоми иқтидор ва кушишу имкониятҳои худро равона намоянд.

Супоришҳое, ки имруз Пешвои миллат дар назди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузоштанд, чун ҳарсола дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди ин соҳа муайян мегардад ва ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои мазкур албатта тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, тамоми иқтидору имкониятҳо истифода мегарданд, ки сифати иҷрои онҳо дар сатҳи баланду олӣ таъмин карда шавад.

Хонда шуд 1525 маротиб