Дар вохӯрӣ аз ҷониби Агентӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А., муовини аввали директор Абдураҳмонзода Ҷ.У. ва мудирони шуъбахо Д.Сайдуллозода, Д.Вализода иштирок намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои чандинсола ва дастгирии раванди ислоҳот дар бахши иҷтимоӣ ва имкони баррасии мушкилоти мавҷуда ва нақшаҳои оянда изҳори сипос намуд.
Баъд мушовири БҶ Л.Ткаченко ҳозиринро дар бораи хулосаҳои асосӣ ва натиҷаҳои баррасии хароҷоти давлатӣ, ки гурӯҳи лоиҳаи БҶ омода кардааст, маълумот дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вазъияти молиявии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Агентӣ ва Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо бо Агентӣ ва дастгири аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар идомаи ислоҳоти ҷоришаванда дар бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нақши муҳимро иҷро менамояд, ва бо мақсади такмили низоми нафақа аҳамияти мавқеи Бонки Ҷаҳонӣ ва иштироки он дар шакли кумаки техники имконпазир мебошад,ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон бояд таъсир расонад.