Дар маљлис њузур доштанд: намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон - Ҳабибзода Фарҳод, сардори Бахши ҳифзи иљтимоии Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон – Хуршеди Назирмуњаммад, сардори Раёсати таҳлил ва коркарди маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон - Мирмадов Хисрав, директори Депортаменти пардохти нафаќа ва кортњои бонкии БДА “Амонатбонк” – Холиков Шуҳрат, сардори Шуъбаи Департаменти пардохти нафаќа ва кортњои бонкии БДА “Амонатбонк” - Ҳакимова Мавҷуда.
Аъзои Мушовара дар њузури даъватшудагон самтњои гуногуни фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар соли 2022 мавриди баррасї ќарор дода, аз љумла ќайд намуданд, ки дар давраи њисоботї, дар заминаи дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сохторњои Агентї дар вилоят, шањр ва ноњияњо ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардиданд.
Ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 3 млрд. 532,5 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 101,3 млн.сомонї ё 3 фоиз зиёд мебошад, ки он пурра ба маблаѓи 3 млрд. 516,7 млн. сомонии дар соли 2022 банаќшагирифташуда, иљро гардид.
Ќисми харољотии буљет бошад, 3 млрд. 285,2 млн. сомониро ташкил намуд. Дар ин давра, тамоми чорабинињои пешбининамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла, пардохти нафаќа ба 763 333 нафар нафаќагирон ба андозаи 3 млрд. 246,9 млн.сомонї, харољоти кўмакпулињо ба андозаи 205,9 млн. сомонї, татбиќи чорабинињои сиёсати шуѓл 16,8 млн. сомонї, инчунин љуброни харољоти БДА “Амонатбонк” барои хизматрасонї ба нафаќагирон ба андозаи 17,9 млн.сомонї сари ваќт ва бо пуррагї маблаѓгузорї карда шуданд.
Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ќайд намуданд, ки љињати иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, дар ќисми зиёдшавии њаљми нафаќаи амалкунандаи нафаќахурони бинобар маҳрум шудан аз саробон, ятимони кулл ва нимятимон, ки дар Паёми њарсола ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 21.12.2021 сол ќайд гардид, татбиқи сохторњои зертобеъи Агентӣ бо сари баланд иҷро намуда, ҷиҳати зиёд намудани андозаи нафаќаи амалкунандаи нафаќагирони бинобар маҳрум шудан аз саробон, ятимони кулл ва нимятимон, ки дар маҷмӯ ба бозҳисобии нафақа 70200 нафар нафаќагирон фаро гирифта шуда, андозаи нафақаи миёнаи онҳо аз 251,9 сомонӣ баробари 324,24 сомонӣ зиёд шудаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 12.2022, № 597 “Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ” барои пардохти кумаки яквақта ба 240323 нафар нафақагирони аз гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кудакони ятим ва бинобар маҳрум шудан аз саробон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 144,2 млн. сомонӣ маблағ тавассутӣ БДА “Амонатбонк” пардохт карда шуд.
Дар маҷлиси Мушовара оид ба вазифаҳои пешомада дар давраи соли 2023 ва низоми амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ки дар Паёмашон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» зикр гардиданд, сардорони Раёсатҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба аз 1 июли соли ҷорӣ зиёд намудани андозаи нафақаи заминавӣ ба 20 %, гузаронидани индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ дар ҳаҷми на кам аз 16 фоиз, инчунин баланд намудани андозаи нафақаи нафақагирони амалкунанда баробари 20 фоиз аз меъёрӣ нафақаи заминавӣ, чорањои мушаххасро оид ба иљро намудани супоришњои мазкур таъмин намоянд. Инчунин дар маљлиси Мушовара масъалањои алоњидаи фаъолияти Агентї баррасї гардида, љињати бартараф намудани норасоињо ба масъулин супоришњои мушаххас дода шуд.