Версия для печати
31.01.2023 || 17:07

ДАР БОРАИ ВАЗИФАҲОЕ, КИ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИРОА ГАРДИДАНД

30 январи соли 2023 дар толори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба омўзиши вазифањо ва супоришњое, ки аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон”, ироа гардиданд, љамъомад баргузор гардид. Дар љамъомад роњбарият ва кормандони Марказ, инчунин намояндагони Кумитаи иљроияи њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ширкат намуданд.

Паёми Пешвои миллат Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон боз як нишонаи сулњу суботи кишвар, вањдату якдилии мардуми Тољикистонро исбот намуда, ба кормандони низоми суѓуртаи иљтимої ва нафаќа барои дар амал татбиќ намудани ислоњоти таъхирнопазир ќувваи нав мебахшад. Инчунин, таъмини иљрои вазифањои мазкур барои бењтар гардонидани сатњи некуањволии мардуми кишвар, зиёд намудани андозаи нафаќа ва кумакпулињои иљтимої замина гузошта, љињати баланд намудани самаранокии соњаи иљтимої мусоидат хоњад намуд.

Кормандони Агентӣ аз роҳбарии беҳамто ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ ва шукрона карда истода, аз он ифтихор менамоянд, ки дар ҳар яки Паём оид ба беҳтар гардонидани вазъи маъюбон, кудакон ва пиронсолони ниёзманд вазифагузории мушаххас гардида, масъалаҳои зиёд намудани андозаи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ бевосита таҳти назорати доимии Ҷаноби Олӣ қарор дорад ва вобаста ба ин ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои миллат оид ба аз 1 июли соли 2023 ба андозаи 20% зиёд намудани андозаи ҳадди ақали нафақа, индексатсия намудани нафақаҳои суғуртави ва ба андозаи 20% ва зиёд намудани дигар намуди нафақаҳои амалкунанда тасмим гирифтанд, ки баҳри иҷрои саривақтии вазифаҳои вогузоршуда, тамоми иқтидор ва кушишу имкониятҳои худро равона намоянд.

Супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар назди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузоштанд, бахусус ҷиҳати зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳо, чун ҳарсола дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди ин соҳа муайян мегардад ва ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои мазкур албатта тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, тамоми иқтидору имкониятҳо истифода мегарданд, ки сифати иҷрои онҳо дар сатҳи баланду олӣ таъмин карда шавад.

03-01

Хонда шуд 1252 маротиб