Версия для печати
14.03.2025 || 14:46

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ

14 марти соли 2025 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат баргузор гардид.

Намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) Паскал Аннике, роҳбари лоиҳаи ТБМ дар Тоҷикистон, Келобанг Кагисанё, мутахассиси департаменти ҳифзи иҷтимоии ТБМ дар Женева, Ганҷина Зардодхонова, ҳамоҳангсози лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Собир Амиров, ҳамоҳангсози миллии ТБМ иштирок доштанд.

Дар рафти мулоқот директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ба иштирокдорони ҷаласа барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ ва рушд додани низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳори минатдорӣ баён намуд.

Ҳамзамон, аз тарафи ҷонибҳо масъалаҳои таҳлили вазъи дурнамои ҳифзи иҷтимоии нафақагирон, фарогирии шаҳрвандон ба нафақаи иҷтимоӣ, нафақаи синнусолӣ, сарчашмаҳои маблағгузории нафақаҳои иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар оянда низ густариш хоҳанд дод.

Хонда шуд 337 маротиб