Дар раванди хониш мафҳум, моҳият ва таърихи коррупсия, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби замони муосир, такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, барномаи амали он дар марҳалаи якум, яъне солҳои 2021-2025, инчунин, роҳҳои пешгирӣ, инчунин, кам кардани хавфи коррупсионӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "коррупсияро зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ҳисобида, мубориза бар зидди онро вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар медонанд".
Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, №34 "Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012", бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 "Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3.08.2021, таҳти №222 "Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025)" қабул карда шуданд.
Стратегияҳо бо мақсади андешидани чораҳои дастаҷамъонаи ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт мебошанд. Стратегияи мазкур қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳалаи якум солҳои 2021-2025 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.
Дар охири муҳокимаи мавзӯи омӯзиши назариявӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, зикр гардид, ки бо татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалӣ намудани барномаҳову консепсияҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақсади асосии онҳо паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва дар натиҷа муҳайё намудани зиндагии шоиста ба ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад, мо метавонем дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ва паст намудани шиддати он ба натиҷаҳои назаррас расем.
04.04.2025 || 08:00
КОРРУПСИЯ. ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
3 апрели соли 2025 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва раванди татбиқи он" аз тарафи муовини сардори раёсат-сардори Шуъбаи аудити дохилии раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентӣ Исмоилзода Самандар бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва Маркази ШНТҶ-и Агентӣ омӯзиши назариявӣ гузаронда шуд.