Версия для печати
18.04.2025 || 15:29

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТ ВА ИНТИХОБОТИ НАВИ РАИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАЙРИЯ”

18-уми апрели соли 2025 дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия”-и Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ баргузор гардид, ки дар он Умед Содиқиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ ва аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ширкат варзиданд.


Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) ба муҳокимаи аъзои ташкилот пешниҳод гардид.


Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Хайрия” оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда шунида шуд.
Оид ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бо ҷонибдории аксарият номзадии директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ҷиҳати интихоб гардидан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” пешбарӣ гардида, аз тарафи аъзои ташкилот дастгирӣ ёфт.
Дар идома, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис тибқи тартиб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба ҳар як масъалаи баррасигардида қарори дахлдор қабул ва тасдиқ гардид.
Дар охир, ба як қатор кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд.

Хонда шуд 19 маротиб