Версия для печати
07.05.2025 || 08:47

ТОҶИКИСТОН - БА СӮЙИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

6-уми майи соли 2025, тибқи супориши директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ вобаста ба сафаре, ки 23-26-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади иштирок дар семинари омӯзишӣ оид ба рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, инчунин омӯзиши таҷриба дар ин самт ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифта буд, бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ аз ҷониби муовини якуми директор Усмоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Муҳаммад Қурбонов оид ба муҳтавои сафари хизматӣ ва аз омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шарҳу тавзеҳ доданд.


Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Низоми нафақа дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба воситаи 18 филиал, 171 маркази хизматрасонӣ ва 13 маркази хизматрасонии сайёр ба 2,5 миллион нафақагир хизматрасонӣ анҷом медиҳад, сиёсати иҷтимоӣ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаро дар қаламрави кишвар дар ҳамбастагӣ бо 5 вазорату идора, ба мисли Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази рушди захираҳои меҳнатӣ, Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, Иттиҳодияи давлатии "Ҳукумат барои шаҳрвандон" ва Фонди ягонаи нафақаи захиравӣ ҳамоҳанг шуда, низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаро амалӣ менамоянд.
Вазорату идораҳои зикршуда байни худ оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иқтимоӣ ва нафақа ҳамкории зичро ба роҳ монда, шаффофият, саривақтӣ ва дурустии пардохтҳо, инчунин, рақамикунонии хизматрасонии соҳаро барои аҳолӣ таъмин менамоянд.
Дар идома қайд гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон барои расидан ба рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа солҳои зиёд барномаву консепсияҳои дарозмуҳлатро амалӣ намуда, дар натиҷа Низоми иттилоотии ягонаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро роҳандозӣ намуд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар барои татбиқи дурусти низоми рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гомҳои муассир гузошта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои гузошташуда роҳбарияти Агентӣ бо тамоми вазорату идораҳо, шарикони рушд ва дигар корхонаву ташкилотҳои дахлдори ватаниву хориҷӣ талошҳои хешро равона сохта истодааст.

Хонда шуд 27 маротиб