31.03.2018 || 17:21

Ба истифода супоридани хати барқии 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ»

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.

Дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бинои идоракунии назоратӣ навсозию васеъ ва бо таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содирот гардад ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон неру интиқол ёбад.

Ёдовар мешавем, ки хати интиқоли барқи мазкур аз зеристгоҳи «Айнӣ» дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ гардида, то ба зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба анҷом мерасад.

Паймонкори асосии лоиҳаи мазкур ширкати ТВЕА CO LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, корҳои қисмати дуюми (лоти 2) «Барқарорсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ» 220\110\35\10 кВ ва васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» 220\110\10 кВ ва сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ миёни зеристгоҳи «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ»- ро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва васеъсозии зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» 147 нафар мутахассисон ба фаъолият ҷалб шуда буданд, ки аз ин 81 нафарашро коргарони маҳаллӣ ва 66 тани дигарро мутахассисони хориҷӣ ташкил медод.

Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки татбиқи бомувафаққонаи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ байни зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» бо ҷаҳду талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» аз ҳисоби гранти бебозгашти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҷиҳати амалӣ кардани лоти 1 ва лоти 2-и лоиҳаи мазкур миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё 27-уми январи соли 2015-ум Созишномаи грантӣ ба маблағи 54 миллион доллари ИМА ба имзо расида буд.

Дар ҷараёни амалисозии қисмати дуюми лоти 2-и лоиҳа 28 декабри соли 2015 миёни Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати ТВЕА CO LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба маблағи наздики 23 миллион доллари ИМА рӯйи кор омад.

Маблағи умумӣ барои анҷоми пурраи ин қисмати лоиҳа аз рӯи шатрномаи дуҷониба 26 миллиону 371 ҳазору 929 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳа ин пеш аз ҳама ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли қувваи барқ ва беҳдошти шабакаи интиқоли неруи барқ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои қаблӣ хати интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва минтақаҳои атрофи онро ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист.

Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи нави 220 кВ ва таҷдиду навсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент мушкилоти муштариёни минтақа комилан аз байн бардошта шуда, муассисаву корхонаҳои саноатӣ пурра бо барқи хушсифату боэътимод таъмин мегарданд.

Баъди барқарорсозӣ иқтидори зеристгоҳи «Рӯдакӣ» ду маротиба зиёд шуда, эътимоднокии кори таҷҳизоти он баланд, талафоти барқ паст ва сифати интиқоли неруи барқ беҳтар гардид.

Таҷҳизоти дар зеристгоҳҳо истифода шуда, аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ гардида, васлу насби онҳо дар зеристгоҳи “Айнӣ” пурра ва дар зеристгоҳи “Рӯдакӣ” марҳилаи аввали он ба анҷом расонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаро қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маънидод карда, онро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд арзёбӣ карданд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 280 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд, ки 60 дарсади онҳоро кадрҳои ҷавони соҳибмаълумот ташкил медиҳад.

НИАТ «Ховар»

Хонда шуд 2326 маротиб

Дополнительная информация