Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2015, №551

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 29 августи соли 2015, №551                                                 ш. Душанбе


Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ»;
- аз 3 августи соли 2013, №362 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ».
3. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  5 ноябри соли 2014, №709 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шуда, бандҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 мутаносибан бандҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.


              Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
          Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2015, №551
 тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ
конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби арзёбӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурта-шударо дар асоси собиқаи кории то 1 январи соли 1999 бадастовардашуда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
2. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ ба сармояи шартии нафақавӣ ва дохил намудани сармояи мазкур ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешавад, ки то 1 январи соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ва аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудаанд.
3. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисти шахси суғурташуда ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 амалӣ карда мешавад.
4. Дар сурати пеш омадани зарурати муайян намудани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахсони суғурташуда оид ба собиқаи корӣ, кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа метавонанд дар корхона, муассиса ё ташкилоте, ки дурустии чунин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намудаанд, бо тартиби муайянгардида санҷиш бо тартиб додани санади мутақобила гузаронанд.
5. Хароҷот барои гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ  аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маблағгузорӣ карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ҲИСОБИ САРМОЯИ ШАРТИИ
НАФАҚАВӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯИ ҲУҚУҚҲОИ НАФАҚАВИИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА

6. Арзёбии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва конвертатсияи онҳо ба сармояи шартии нафақавӣ  дар асоси  шумораи моҳҳои пурраи собиқаи корӣ амалӣ карда мешавад.  
7. Шумораи моҳҳои собиқаи корие, ки барои арзёбии ҳуқуқҳои нафақавӣ ва ҳисоби сармояи шартии нафақавӣ пешниҳод мегарданд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии шахсони суғурташуда муайян карда мешавад.
8. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, ки ба ҳолати 1 январи соли 1999 тасдиқ шудаанд, ба маблағи 120 сомонӣ барои ҳар моҳи пурраи собиқаи корӣ арзёбӣ гардида, дар маҷмўъ ба сармояи шартии нафақавии ба ҳолати 1 январи соли 2013 муайянгардида илова карда мешавад.  
9. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз рўи формулаи зерин конвертатсия карда мешаванд:

СШНконвертатсия = 120 * n
Дар ин ҷо:
СШНконвертатсия – сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 муайянгардида ҳосил шудааст;
120 – ифодаи пулии ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 ҳосилшуда бо сомонӣ барои ҳар як моҳи собиқаи корӣ;
n – шумораи моҳҳои собиқаи кории шахси суғурташуда то 1 январи соли 1999.
10. Маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоб кардан мутобиқи банди 9 Қоидаҳои мазкур ҳосил шудааст, бе тағйир ба қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 инъикос гардида, ба  сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда, ки ҳангоми таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ истифода мегардад, ҳамроҳ карда мешавад.

3. СОБИҚАИ КОРИИ КОНВЕРТАТСИЯШАВАНДА

11. Ба собиқаи кории шахсони суғурташуда, ки конвертатсия карда мешавад, давраи фаъолияти меҳнатии онҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозҳо, совхозҳо, кооперативҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин корҳое, ки дар назди шахсони алоҳида анҷом додаанд, дохил мешавад.
12. Барои ҳисоб кардани собиқаи корӣ давраи воқеии кор аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999, ки бо натиҷаи зиёдшавӣ ҳисоб карда шудааст, ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи кории умумӣ моҳе, ки кор дар он аз 15 рўз зиёд мебошад, ҳамчун моҳи пурраи собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад ва моҳе, ки давомнокии кор дар он аз 15 рўз кам мебошад, ба назар гирифта намешавад.
13. Ҳуҷҷати асосие, ки собиқаи кории шахси суғурташударо то 1 январи соли 1999 тасдиқ менамояд, дафтарчаи меҳнатӣ мебошад.
14. Қайдҳо ба дафтарчаи меҳнатӣ бояд бо тартиби пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешбурди он дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар лаҳзаи пур кардан ворид карда шаванд.
15. Дар ҳолате, ки агар қайдҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои амалкунанда  мувофиқат накунанд, масъалаи ба инобат гирифтани собиқаи корӣ барои таъини нафақаи шахси суғурташуда аз ҷониби мақомоти судӣ ҳал карда мешавад. 

Дополнительная информация