Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №58

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани рўйхати ихтисоси коргарони бригадаҳои локомотиви ва категорияи алоҳидаи кормандоне, ки бевосита ба ташкили ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан хизмат расонда, барои хизмати дарозмуддаташон ба нафақа ҳуқуқ доранд

Бо мақсади иҷрои моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар  бораи таъмини  нафақаи  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шўрои  Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рўйхати замимагардидаи ихтисоси коргарони бригадаҳои локомотиви ва категорияи алоҳидаи кормандоне, ки бевосита ба ташкили ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан хизмат расонда, барои хизмати дарозмуддаташон ба нафақа ҳуқуқ доранд тасдиқ карда шавад.


     Раиси Шўрои Вазирони
     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           А. Самадов

     Мудири Корҳои Шўрои Вазирони
     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Р. Мирзоев

аз 3 феврали соли 1994 № 58
ш. Душанбе


Бо қарори
Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 1994 № 58
тасдиқ шудааст

РЎЙХАТИ
ихтисоси коргарони бригадаҳои локомотиви ва категорияи алоҳидаи кормандоне, ки бевосита ба ташкили ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан хизмат расонда, барои хизмати дарозмуддаташон ба нафақа ҳуқуқ доранд

     Навбатдорони станцияҳои бедараҷа ва  дараҷаи якум,  навбатдорони машқули қабул кардан, фиристодан  ва гузаронидани  поездҳо  дар участкаҳои роҳҳои оҳани магистралии хусусан серҳаракат.
     Навбатдорон ва операторони  теппаи тақсимкуни  дар  станцияҳои бедараҷа ва дараҷаи якум
     Кондукторҳои поездҳои боркаш
     Аловмони паровозҳо ва кранҳои буқии роҳи оҳан
     Мошинистҳои автомотрис ва мотовозҳо
     Мошинистҳо ва ёрдамчиёни мошинистҳои паровозҳо ва  кранҳои  буқии роҳи оҳан
     Мошинистҳо ва ёрдамчиёни мошинистҳои тепловозҳо
     Мошинистҳо ва ёрдамчиёни мошинистҳои электровозҳо
     Мошинистҳо ва ёрдамчиёни мошинистҳои поездҳои дизели
     Мошинист - инструкторҳои бригадаҳои локомотиви
     Механики поездҳои (секцияҳои) рефрижератори
     Диспетчерҳои поездҳо ва диспетчерҳои калони поездҳо
     Танзимгарони суръати ҳаракати вагонҳо
     Тартибдиҳандагони поездҳо.
     Электромонтёро ва электромеханикҳои шабакаи контактии роҳи  оҳани магистрали

 

Дополнительная информация