Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №59

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи тасдици Рўйхати муассисаю ташкилотҳо ва  вазифаҳое, ни кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони  маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад»

Бо мақсади иҷрои моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:
Рўйхати замимгардидаи ташкилоту муассисаҳо ва вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад, тасдиқ карда шавад.

     Раиси Шўрои Вазирони
       Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           А. Самадов

      Мудири Корҳои Шўрои
     Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Р. Мирзоев
              ш. Душанбе
   аз 3 феврали соли 1994, № 59


Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 1994, №59
тасдиқ шудааст

РЎЙХАТИ
ташкилоту муассисаҳо ва вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад

Номгўи ташкилоту муассисаҳо

Номи вазифаҳо

  1. I.Муаллимон ва дигар кормандони маориф
  1. Мактабу муассисаҳои атфол:

а) мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ҳаштсола вам иёна, сарфи назар аз номашон.

Ҳамаи мактаб-интернатҳо ва интернатҳои мактабӣ.

Ҳамаи навъҳои мактабҳо барои кару гунгҳо, нобиноён ва дигар атфоли бемор.

Мактабҳои миёнаи политехники меҳнатии маълумоти умумӣ.

Мактабҳои миёнаи мусиқию бадеӣ.

Мактабҳои мусиқии ҳафтсола.

Мактабҳои тарбиягирандагонии

касби-мусиқӣ.

Мактабҳои миёнаи махсуси ҳарбӣ ва омўзишгоҳҳо.

 

б) Ҳимояҳои атфол, колонияҳои тарбиявии меҳнатии атфол, қабулгоҳҳои атфол ва пунктҳои қабули атфол, қабулгоҳ - тақсимҷои атфол, пунктҳо ва статционарҳои логопедӣ, мактабҳо - клиникаҳо, мактабу омўзишгоҳҳои касбҳои техники махсус.

 

в) Техникумҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус (педагогӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, ва ғ.).

   Мактабу омўзишгоҳҳои маълумоти касбҳои техникӣ (ба ғайр аз мактабҳои олӣ).

 

г) Кўдакистон ва кўдакистону ширхоргоҳҳои муттаҳид.

 

  1. 2.Муассисаҳои табобатӣ:

    Клинакаҳои атфол, поликлиникаҳо, беморҳонаҳо, санаторияҳо ва диспансерҳо, ширхоргоҳҳо ва хонаҳои атфол, шўъбаи атфоли бемор, хона-санаторияҳо, диспансерҳо ва колонияҳо.

Муаллимон, муаллимон - логопедҳо, омўзгорон, педагогҳо, сурдопедагогҳо, тифлопедагогҳо, педагогҳо - мураббиён, мураббиён - роҳбарон (мураббиён)

Роҳбарон – мураббиҳо, мураббиҳо.

Муаллимон, педагог - мураббиҳо, логопедҳо ва сурдопедагогҳо

II. Духтурон ва дигар кормандони тиб

  1. 1.Муассисаҳои табобатию профилактикӣ:

     Ҳамаи навъҳои муассисаҳои амбулаторю поликлиникӣ, (поликлиникаҳо, амбулатория - диспансерҳои ҳамаи соҳаҳо, муассисаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ва хунгузаронӣ, қисми санитарии тиббӣ, пунктҳои нигоҳдории тандурустӣ, кабинету пунктҳои тиббӣ, пунктҳои фелдшерӣ ва фелдшерию акушерӣ, станцияҳои авиацияи санитарӣ, станцияи пунктҳои ренгенӣ, лабараторияҳои тиббӣ ва ғайра).

Таваллудхонаҳо.

Духтурон, духтурони дандон, техникҳо, фелдшерҳо, акушеркаҳо, масгагарон, лаборантҳо, ҳамаи хоҳарони шафқат, сарфи назар аз вазифаашон

Дополнительная информация