Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №61

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Дар бораи тартиби ба хориҷа гузаронидани нафақае, ки дар натиҷаи маъюбии меҳнати ё бемории касбӣ муқаррар шудааст
(бо назардошти тағйирот тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011, №184)


Бо мақсади иҷрои моддаи 107 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон" Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;
1. Вазорати мењнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои нафақавии нафақахўронеро,  барои сукунати доими ба  хориҷа  (ғайр  аз кишварҳои  ИДМ) мераванду қаблан дар натиҷаи маъюбии меҳнати ё бемории касби  нафақа   мегирифтанд,   бо   дархости онҳо   ба   Ассоциацияи Намояндагиҳои Фондҳои Нафақа (Иҷтимои) ирсол кунанд.
2. Агентии давлатии суғуртаи иғтимоҷ ва нафақа аз тариқи Ассоциацияи Намояндагиҳои Фондҳои Нафақа (Иҷтимои) хароҷоти пардохти нафақа аз рўи маъюбии меҳнати ё бемории касбиро ба нафақахўроне, ки ба хориҷа  ғайр аз  кишварҳои ИДМ) рафтаанд, аз  рўи  нормаҳои қонунгузории қаблан амалкунаадаи ИҶШС бо пул таъмин намояд.

Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  А. Самадов

     
Мудири Корҳои Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Р. Мирзоев


аз 3 феврали соли 1994 №61
ш. Душанбе

Дополнительная информация