Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 4.02.1994, №73

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
     Қ А Р О Р

«Дар бораи тасдиқ намудани Руйхати вазифаҳои кормандони ҳайати парвоз ва инженерону техникҳои авиация, ки кор дар онҳо барои нафақа баҳри хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад ва Тартиби ҳисоб кардани нафақаҳои кормандони ҳайати парвоз»
(дар таҳрири қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2011, № 184)

Мувофици моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:
Руйхати замимагардидаи вазифаҳои кормандони ҳайати пар¬воз ва инженерону техникҳои авиация, ки кор дар онҳо барои нафақа баҳри хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад ва Тартиби замимагардидаи ҳисоб кардани нафақаҳои кормандони ҳайати парвоз тасдиқ карда шаванд.

Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   А. САМАДОВ

Мудири корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Р. МИРЗОЕВ

             ш. Душанбе
    аз 4 феврали соли 1994 № 73


Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст


Р Ў Й X А Т И
вазифаҳои муҳандисон ва техникҳои авиация, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад


Ҳамаи номгўи техникҳо (механикҳо, устоҳои мотори ҳавопаймоӣ).
Ҳамаи номгўи устоҳо.
Ҳамаи номгўи муҳандисон.
Сардорони сехҳо, бахшҳо, қитъаҳои корӣ, хадамот ва гурўҳҳои оид ба хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва дигар дастгоҳҳои парвозкунанда.
Ҳуқуқи ба нафақа барои хизмати дарозмуддат он кормандо¬ни дар руйхат зикргардида доранд, ки бевосита дар корҳо оид ба хизматрасонии амалӣ ва даврагии (кафолатноки) техникии фурудгоҳии киштиҳои ҳавоӣ (ғайр аз онҳое, ки дар корҳои зикршуда дар шароити ғaйpифурудгоҳӣ дар ҷойҳои махсусан пешбинишуда машғуланд) дар муассисаҳо, дар иттиҳодияҳо, воҳидҳои (қисматҳои) озмоишии хавоӣ (тафтишии озмоишӣ), воҳидҳои сохтории қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаҳои сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳайати ғайринизомӣ), ташкилотҳои илмӣ тадқиқотӣ ва варзишии ҳавоӣ ва ҳамчунин дар гурўҳҳои (дастаҳои) ҳавоӣ ва таълимии ҳавоӣ муассисаҳои таълимии ҳавоӣ машғул мебошанд.
Машғулияти кормандони зикршуда дар корҳое, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад, аз рўи маълумотномаҳои аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои мувофиқ додашуда тасдиқ карда мешавад.

Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст

РЎЙХАТИ
вазифаҳои ҳайати парвоз, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад

1.1.    Аъзоёни ҳайати сарнишинони киштиҳои ҳавоӣ ва дигар дастгоҳҳои парвозкунанда.
1.2.    Ҳайати мураббиёни ҳавоӣ.
1.3.    Ҳайати фармондеҳони ҳавоӣ: роҳбарон (ҷонишинҳои онҳо), нозирон ва дигар мутахассисон доир ба хизмати ҳавоӣ (корҳои ҳавоӣ)-и вазоратҳо, созмонҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои (ҷузъҳои) сохтории онҳо, ки шаҳодатномаи амалкунандаи ҳавоӣ доранд ва дар парвозҳо дар ҳайати сарнишинҳои киштии ҳавоӣ ё дигар дастгоҳҳои парвозкунанда иштирок мекунанд.
1.4.    Порашутчиёни ҳама намудҳо, наҷотдиҳандагон ва ҳамчунин ҳамаи гурўҳҳои десантии оташхомушкунӣ, мураббиёни хадамоти оташхомушкунии ҳавоӣ, роҳбарони қисмҳои парашутӣ (наҷотдиҳандаи парашутӣ, ҷустуҷўии имдодрасон), коркунони ғайрирасмӣ ва расмии гурўҳҳои десантии парашутӣ, ки бо чатри наҷот (парашут) ё аз нишебиҳою (баландиҳо) бо дастгоҳҳои махсуси болоравӣ аз чархболҳо анҷом медиҳанд, дар сурате, ки онҳо (чархболҳо) дар ҳолати муаллақ дар баландии на камтар аз 10 метр қарор гирифта бошанд.

Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст

Т А Р Т И Б И
ҳисобкунии мўҳлати хизмати дарозмуддат барои таъин кардани нафақа ба коркунони ҳайати ҳавоӣ

2.1. Ҳангоми ҳисобкунии мўҳлати хизмати дарозмуддат ба¬рои таъин кардани нафақа ба коркунони ҳайати ҳавоӣ инҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:
а) ҳар як 20 соати парвоз дар ҳавопаймо (ғайр аз парвоз ва корҳое, ки дар бандҳои «б», «в», «г»-и ҳамин банд пешниҳод шудаанд) баробари як моҳи хизмат;

б) ҳар як 12 соати парвоз дар чархболҳо; дар ҳавопаймоҳои истифодашавандаи махсус (парвозҳои санитарӣ, корҳои ҳавоӣ кимиёни, аксбардориҳои ҳавопаймоӣ, чархзаниҳои ҳавоӣ, обу ҳавошиносӣ ва дигар намудҳои кор); дар вазифаҳои ҳайати ҳавоии гурўҳҳои ҳампарвозии киштиҳои ҳавоии хориҷиён (пеш - пеш парвозкунандаҳо); дар вазифаҳои ҳайатҳои фармондеҳии ҳавоӣ ва мураббиҳои (инструкторҳои) ҳавоӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ оид ба тайёрӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои ҳайати ҳавоӣ; ҳавопаймоӣ - баробари як моҳи хизмат;
в)    як соли кор дар ҳайати сарнишинони парвозкунандаи киштиҳои ҳавоӣ дар қисмҳои имдодӣ (ҷустуҷўӣ - имдодрасон) баробари якуним соли хизмат;
г)    як сол дар вазифаҳои ҳайати парвозкунанда дар ташкилотҳои таълимӣ ва варзишии ҳавопаймоии ДОСААФ ва ҷамъияти ихтиёрии артиш, ҳавопаймоӣ ва дарёнавардии Тоҷикистон -  баробари якуним соли хизмат ба шарте, ки нақшаи тайёрии таълимии ҳавоӣ иҷро шуда бошад, валекин дар сурати иҷро гардидани унсурҳои мураккаб ё амалиёти хушпарвозии ҷамъӣ - баробари ду соли хизмат;
д)    як соли хизмат дар вазифаҳое, ки дар банди 1.4. Руйхати  вазифаҳои кормандони ҳайати ҳавоӣ, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад, пешниҳод шу¬даст - баробари якуним соли хизмат, ба шарти иҷро гардидани мизонҳои солонаи паришҳо аз ҳавопаймоҳои поршендор, чархболҳо, дирижабелҳо ва арэростатҳо, аз нишеби (баландиҳо) дар дастгоҳҳои махсуси пойиншавӣ (баландшавӣ) аз чархболҳои дар ҳолати муаллиқ дар баландии на камтар аз 10 метр истода ва аммо ҳангоми иҷро гардидани мизонҳои солонаи паришҳо аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои реактивӣ - баробари ду соли хизмат;
Дар вақти иҷро нагардидани шартҳое, ки ҳуқуқи ҳисобкунии имтиёзноки мўҳлати хизматро мутобиқ бо зербандҳои «г» ва «д» медиҳад,  - як соли кор баробари як соли хизмат ҳисоб кар¬да шавад.
2.2. Ҳисобкунии мўҳлатҳои хизматҳо мутобиқ бо зербандҳои «а» ва «б»-и банди 2.1. бо роҳи тақсим кардани соатҳои парвози вокеъӣ таи давраи кор дар вазифаҳои ҳайати ҳавоӣ мувофиқан ба 20 ва 12 соат ба амал бароварда мешавад.
2.3. Ҳангоми дар давоми сол иҷро кардани корҳои гуногун, ки дар банди 2.1. нишон дода шудаанд, хизмати дарозмуддат ба таносуби давомнокии соатҳои (машғулиятҳои) парвоз дар ҳар яке аз корҳо ҳисоб карда мешавад.
2.4. Ба хизмати дарозмуддат барои ҳайати ҳавоӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- вақти хизмат дар ҳайатҳои ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи СССР, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар вазифаҳои ҳайатҳои ҳавоӣ-таҷрибавӣ бо он тартибе, ки барои таъини нафақа мутобиқан ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ҳавоии таҷрибавӣ муқаррар карда шудааст;
- вақти кор дар хориҷа дар вазифаҳои ҳайати ҳавоии ҳавопаймоии ғайринизомии давлатии хориҷӣ - бо тартибе, ки бо банди 2.1. барои намудҳои мувофиқаткунандаи корҳои ҳавоӣ муқаррар карда шудааст, ба он шарте, ки ба Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртавиро (дар давраи корҳо аз соли 1991 сар карда) пардохт намуда бошад;
- вақти таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии ҳавоӣ, агар ки қабл аз таҳсил дар вазифаҳои ҳавоӣ кор карда бошад, - мувофиқи давомнокии воқеъӣ;
- вақти рухсатии пардохтшаванда барои нигоҳубини кўдак, ки ба занҳо дода мешавад, - мувофиқи давомнокии аз тарафи Қонун муқарраргардида;
2.5. Мўҳлати хизмати дарозмуддати коркунони ҳавопаймо дар давраи кор то 1 январи соли 1992 мувофиқи интихоби ба нафақа муроҷиаткунанда аз рўи қоидаҳое ҳисоб карда мешавад, ки то санаи нишондодашуда амал мекарданд.

Дополнительная информация