• Печать

Фармоиш аз 19.04.2010, №38 ва 50

Ф А Р М О И Ш И   М У Ш Т А Р А К

Оид ба тасдиқ намудани «Дастуруламал дар бораи тартиби  муайян  намудани  талабот, маблағгузорӣ,  пардохти  нафақа   ва   иловапулию кўмакпулиҳо  ба  нафақагирон  тавассути  кортҳои
пластикии бонкӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор»

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 49 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-30 январи соли 2010, №1 ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №582 «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783» ҷиҳати таъмини пардохти  нафақа ва иловапулию кўмакпулиҳо ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ, ф а р м о и ш   м е д и ҳ е м:
1. «Дастуруламал дар бораи тартиби муайян намудани талабот, маблағгузорӣ, пардохти нафақа ва иловапулию кўмакпулиҳо ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ аз ҷониби мақомоти  ваколатдор» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсати таҳлил ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоию меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи технологияи иттилоотии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" таҷҳизоти компютерии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои гузаронидан ба пардохти нафақа тавассути кортҳои пластикии бонкӣ омода намуда, васлсозии барномаи махсуси компютериро дар мақомоти номбурда таъмин кунанд.
3. Идораи технологияи иттилоотии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар ҳамдастӣ бо Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Шартномаи генералии байни Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии пардохти нафақаҳо тавассути кортҳои пластикии бонкӣ»-ро то 22-уми апрели соли 2010 таҳия намуда, барои имзо пешниҳод намояд.
4. Ба Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи нафақаи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» супорида шавад, ки ҷиҳати иҷрои Дастуруламали мазкур бобати доир намудани семинар-машваратҳо нақшаи чорабиниҳои муштаракро то 20 апрели соли 2010 таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбарият манзур намоянд.
5. Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастуруламал дар бораи тартиби муайян намудани талабот, маблағгузорӣ, пардохти нафақа ва иловапулию кўмакпулиҳо ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ аз ҷониби мақомоти  ваколатдор»-ро ҷиҳати роҳбарӣ ва иҷро ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои дахлдор ирсол намояд.
6. Сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо, филиалҳои вилоятию минтақавӣ ва шаҳру ноҳиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар маҳалҳо татбиқи саривақтӣ ва пурраи Дастуруламали мазкурро таъмин намоянд.
7. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Вазири  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Сангинов ва муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» А. Қодиров гузошта  шавад.

         Вазири меҳнат ва                                                               Раиси Раёсати Бонки
   ҳифзи иҷтимоии аҳолии                                                         давлатии амонатгузории
     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                       «Амонатбонк»    
        М. Маҳмадаминов                                                                      Г. Ҳасанова


Бо Фармоиши муштараки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" аз «19» апрели соли 2010, №38 ва № 50 тасдиқ карда шудааст


ДАСТУРУЛАМАЛ
дар бораи тартиби муайян намудани талабот, маблағгузорӣ, пардохти нафақа ва иловапулию кўмакпулиҳо ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор

Муқаррароти умумӣ

Дастуруламали  мазкур тавассути кортҳои пластикии бонкӣ пардохт гардидани нафақа, иловапулию кўмакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандонро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва  давлатӣ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»  ва «Қоидаҳои истифодабарии ҳисоб ва корти пластикӣ»-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба танзим медарорад.


I.    Мафҳумҳои  асосӣ

Мақоми танзимкунанда - Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Мақоми таъинкунандаи нафақа - мақомоти ваколатдори ҳифзи иҷтимоии ҳҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Мақоми маблағгузор - Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ  ва  нафақаи  Вазорати  меҳнат  ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии ҶТ.
Агенти хизматрасон - Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк».

Мафҳумҳои муайянкунандаи  техникӣ

Корти бонкӣ, корти пластикии минтақавӣ (локалӣ) - (асосӣ ва/ё иловагӣ) воситаи фардикунонидашудаи инфиродии пардохтӣ мебошад, ки барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, НПН (нуқтаҳои пулдиҳии нақдӣ) ё филиали бонк, пардохти хариду хизматрасониҳо дар муассисаҳои тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад.
Корти асосӣ- корте мебошад, ки соҳиби он воситаҳои пулии дар ҳисоби бонкидоштаашро идора менамояд.
Корти иловагӣ - корте мебошад, ки ба шахси воқеӣ бо хоҳишу  дархост ва таҳти масъулияти молиявии дорандаи ҳисоб дода мешавад. Ин корт бо корти асосӣ ҳисоби ягона ва дар доираи меъёрии корти асосӣ меъёри пардохтӣ дорад.
Соҳиби корт (нафақагир) - шахси воқеӣ, мизоҷи бонк мебошад, ки  корти бонкиро барои истифодаи муваққатӣ гирифтааст ва ҳуқуқи бо корти мазкур  гузаронидани амалиёти пардохтиро дорад.
Ҳисоби бонкӣ (минбаъд - Ҳисоб) -  ҳисоби асосӣ ва/ё иловагӣ, ки дар бонк ба соҳиби корт барои гузоштани воситаҳои пулӣ ва гузаронидани амалиёт бо истифодаи корт кушода мешавад.
Ҳисоби асосӣ – ҳисобе мебошад, ки аз тарафи соҳиби корт ба он мақоми «ҳисоби асосӣ» дода шудааст.
Авторизатсия - иҷозати бонк барои гузаронидани амалиёт бо истифодаи корти бонкӣ ва иҷрои ўҳдадориҳое, ки нисбати иҷроиши ҳуҷҷатҳои баъди амалиёт пешниҳодгардида ба миён меоянд.
Таҷҳизоти терминалӣ (банкомат ё РОS - терминал) – дастгоҳи электрониест, ки барои ба амал баровардани пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи корт хизмат мерасонад.
Банкомат (АТМ) - маҷмўи воситаҳои техникӣ - барномавӣ мебошад, ки додани пул, қабули пули нақд, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо барои амалиёти бонкӣ, додани ахборот дар бораи ҳисоб, ба амал баровардани пардохтҳои ғайринакдӣ ва ҳоказоро анҷом медиҳад.
РОS - терминал - (нуқтаи пулдиҳии нақдӣ) - (минбаъд - НПН) - дастгоҳи махсуси электрониест, ки барои анҷом додани амалиёт оид ба қабул ё додани пули нақд бо истифодаи корт ва додани расиди (чеки) тиҷоратӣ хизмат мекунад.
Лифофаи РМИ - лифофаи махсусест, ки дар дохили он рамзи мушаххаси инфиродии (ПИН-код) корт маҳфуз аст. Онро танҳо соҳиби корт кушода метавонад. РМИ адади чоррақама буда, рамзи махфии корт ба ҳисоб меравад. РМИ аз ҷониби бонк муқаррар карда шуда, барои кормандони бонк дастнорас мебошад ва онро танҳо соҳиби корт медонад. Ба шахси дигар ошкор намудани он манъ аст.  
Муассисаи тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ - шахси ҳуқуқӣ (ё соҳибкоре, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ номнавис нашудааст) мебошад, ки ба тариқи тартиб додани пардохтҳо барои молҳо (хизматрасониҳо) бо истифодаи корт ё маълумоти бонкии он ба соҳиби корт хизмат мерасонад.
Рўйнависи ҳисоб (выписка) - ҳисоботи моҳона дар бораи амалиёт аз рўи ҳисоб, ки аз ҷониби соҳиби корт бо истифодаи корт дар моҳи ҳисоботӣ ба амал бароварда шудааст.
Расиди бонкӣ (тиҷоратӣ) - ҳуҷҷатест, ки барои ҳисоббаробаркунӣ аз рўи амалиёт бо истифодаи корт ё ҳамчун санади тасдиқкунандаи содиршавии онҳо хизмат мекунад ва дар он соҳиби корт шахсан имзо гузоштааст.
Варақаи манъкунӣ (стоп-лист) – рўйхати кортҳое мебошад, ки бонк амалиётро аз рўи онҳо манъ намудааст.
Талафёбии корт -  гум кардан, дуздидан ё зўран кашида гирифтани корт, инчунин дастраси шахси дигар гардидани маълумоти дар корт сабтгардида, фарсудашавии рахи магнитӣ, шикастани корт ва ғайра.

II. Вазифаҳои асосиии мақомоти ваколатдор

2.1. Таъиноти нафақа, иловапулӣ ва кўмакпулиҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои амалкунанда аз ҷониби мақоми таъинкунандаи  нафақа амалӣ мегарданд.
2.2. Маблағгузории таъминоти нафақа, иловапулӣ ва кўмакпулиҳоро мувофиқи талаботи амалкунанда мақоми маблағгузор амалӣ менамояд.
2.3. Пардохти нафақаи нафақагироне, ки кор намекунанд, дар ҳаҷми маблағҳои воридшуда ҳар рўз тавассути таҷҳизоти терминалии (ATM, POS) дар зерсохторҳои агенти хизматрасон ва нуқтаҳои алоҳида васлшуда сурат мегирад.   
2.4. Мақомоти масъул: мақоми таъинкунандаи нафақа, мақоми маблағгузор ва агенти хизматрасон, гурўҳи муштараки кориро аз ҳисоби кормандони зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо бо фармони якҷоя, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти мазкур тасдиқ мешавад, ташкил медиҳанд. 


III. Вазифаҳои  умумии мақомоти ваколатдор оид ба таъминоти барномавӣ, мукотиботи электронӣ ва роҳбаладии минбаъдаи он

3.1. Мақоми таъинкунандаи нафақа, мақоми маблағгузор ва агенти хизматрасон таъминоти барномавӣ ва техникии худро доранд, ки раванди пешбурд ва ҷамъоварии манбаи маълумоти мизоҷонро таъмин менамояд.
3.2.  Дараҷаи дастрасӣ ба манбаи маълумот, мукаммалӣ ва ҳифзи он, ҳолати кории техникаи иттилоотӣ дар мақомоти ваколатдор ба зиммаи мутахассисони худи ин мақомот вогузор карда мешавад.  
3.3. Барои таъмин намудани мукотибаи электронии байни се мақомоти дахлдор хатҳои алоқа, шакли ягонаи файлҳои мукотиботӣ ва барномаи хуфиябандии ягона дар асоси шартномаи сетарафа муайян карда мешаванд.
3.4. Мутахассисони барномасоз ва роҳбаладони техникии мақоми таъинкунандаи нафақа ҳолати хуби кории техникаи иттилоотии худро дар маҳалҳо таъмин менамоянд.
3.5. Мутахассисони агенти хизматрасон дар компютерҳои мақоми таъинкунандаи нафақа барномаи махсуси компютериро барои ворид намудани маълумоти шахсӣ, тартиб додани шакли электронии рӯйхатҳои ном ба номи нафақагирон дар доираи муқарраргардидаи  низоми пардохт васл менамоянд. Ҳамзамон, мутобиқгардонии раванди  мубодилаи маълумот байни барномаи мақомоти таъинкунанда ва агентии хизматрасон ба ҷо оварда мешавад.
3.6. Ҷиҳати ба роҳ мондани назорати доимӣ, мутахассисони агенти хизматрасон дар таъминоти барномавии худ коркарди маълумоти мувофиқашударо (ҳаракати ҳаррўзаи ҳисоби нафақагиронро), ки бевосита аз манбаи маълумоти агенти хизматрасон пешниҳод шудаанд, тарҳрезӣ намуда, ба амал мебароранд.

IV. Тартиби муайян намудани талабот, омодасозии ҳуҷҷатҳои нафақагирон  ва  пешниҳод ба мақомоти маблағгузор ва агенти хизматрасон

 4.1. Гурўҳи кории муваззафгардида (банди 2.4 дастуруламали мазкур) дар мақоми таъинкунандаи нафақа дар асоси асноди нафақавии амалкунанда (дар ҳолати мавҷуд набудани аснод нусхаи он барқарор карда мешавад) ва даъвати ҳатмии ҳар як нафақагир ба мақоми таъинкунанда, дар асоси шиносномаи пешниҳодшуда, маълумоти (ариза, нусхаи шиноснома, анкета-варақаи шахсӣ) нафақагиронро аз рўи намунаи дар таъминоти барномави омада (банди 3.5-и дастуруламали мазкур ) ба барнома ворид менамояд. Анкета – варақаи шахсӣ бо имзои ҳар як узви гурўҳ тасдиқ карда мешавад.
4.2. Мақоми таъинкунандаи нафақа рўйхати ном ба номи нафақагирони ба барномаи агенти хизматрасон воридгардидаро (шакли №1) бе нишон додани маблағи моҳонаи нафақагирон тайёр менамояд. Рўйхати тайёршуда дар шакли электронӣ ва варақаҳои шахсӣ, ариза, нусхаҳои шиносномаҳои нафақагирон дар шакли хаттӣ ба сохтори масъули агенти хизматрасон пешниҳод мешавад.
4.3. Агенти хизматрасон дар асоси рўйхат (шакли №1) ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои ҳар як нафари дар рўйхат номнависшуда ҳисоб мекушояд ва ба мақоми таъинкунанда рўйхати ном ба номро бо рақами  ҳисобҳо дар шакли электронӣ бозпас мегардонад.
4.4.  Корманди масъули мақоми таъинкунанда рўйхати мазкурро қабул карда, вобаста ба ҷойгиршавии сохторҳои агенти хизматрасон ба барнома (банди 3.5) ворид месозад ва андозаи маблағҳои нафақаи нафақагиронро аз барномаи мақоми таъинкунанда ба барномаи махсуси бақайдгирӣ дохил мекунад. Сипас рўйхати ном ба номи нафақагирон, ки  ному насаб, рақами ҳисоб, маблағи нафақаро дар бар мегирад, дар шакли электронӣ бо имзо ва мўҳри электронӣ ва рўйхати ном ба номи нафақагирони нафақаашон навтаъингардида, бозҳисобишуда ва қатъгашта  (шаклҳои 2, 2а, 2б) ва рўйхати гирандагони кўмакпулӣ барои дафн (шакли 3) дар шакли чопӣ ба мақоми маблағгузор пешниҳод мешаванд.
4.5. Барои пардохти нафақаи моҳҳои навбатӣ аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа масъалаҳои кам ё зиёд гардидани андозаи нафақа, ба охир расидани мўҳлати пардохти нафақа ва қатъ гардидани нафақапулиҳо таҳти назорат қарор дода мешаванд. Дар мавриди ба вуҷуд омадани чунин тағйирот, ба рўйхати ном ба номи нафақагирони дар барномабуда низ тағйирот ворид карда шуда, нафақагирони фавтида, аз ҷумҳурӣ баромадарафта, пардохти нафақаашон қатъгардида ва бо дигар сабабҳо аз ҳуқуқи дарёфти нафақа маҳрумгардида аз барнома хориҷ карда мешаванд.  
4.6. Масъулият барои таҳияи дуруст ва сари вақт пешниҳод намудани рўйхатҳои дар банди 4.4. нишондодашуда ба зиммаи мақоми  таъинкунандаи нафақа вогузор мешавад.

V. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои
пардохтӣ ва маблағгузорӣ дар мақоми маблағгузор

5.1. Баъди пешниҳод гардидани рўйхатҳои ном ба номи нафақагирон (шакли №1 ба таври электронӣ) рўйхати ном ба номи нафақагирони нафақаашон нав таъингардида, нафақаҳои бозҳисобишуда ва қатъгашта (шаклҳои 2, 2а, 2б), рўйхати гирандагони кўмакпулӣ барои дафн (шакли 3) дар шакли чопӣ пешниҳодгардидаро корманди мутасаддии мақоми маблағгузор бо сабтҳои китоби бақайдгирии мақоми таъинкунандаи нафақа муқоиса карда, дар мавриди дуруст будани онҳо дар бораи қабули ҳуҷҷатҳои мазкур имзо мегузорад ва китоби бақайдгириро ба корманди масъули мақоми таъинкунанда бармегардонад.
5.2. Корманди мутасаддии мақоми маблағгузор баъди қабули ҳуҷҷатҳои дар банди 5.1 дарҷгардида таҳлил, коркард ва муқоисаи онҳоро ба анҷом мерасонад ва дар китобҳои бақайдгирии махсус ба қайд мегирад. Ҳангоми шўбҳанок будани андозаи нафақа ва иловапулии муқарраргардида, рўйхати чунин нафақагиронро дар алоҳидагӣ тартиб медиҳад ва якҷоя бо кормандони масъули мақоми таъинкунанлаи нафақа дурустии он санҷида мешавад.


5.3 Мақоми маблағгузор баъди санҷиш ва тасдиқ намудан, рўйхати таҳрирёфтаро (шакли №1) тавассути барномаи интиқолӣ (мукотиботи электронӣ-E-mail,T-mailIp ё дигар) ё барандаҳои маълумот (Flashdisk,CD)  ба агенти хизматрасон  ирсол мекунад.  Рўйхатҳои мазкур тавассути хатҳои алоқа ва барандаҳои маълумот аз ҷониби мақоми маблағгузор то таърихи 28-уми ҳар моҳ барои ба ҳисобҳои нафақагирон гузаронидани нафақаи моҳи навбатӣ ба агентии хизматрасон пешниҳод карда мешаванд.
5.4. Ба рўйхатҳои ном ба ном ва андозаи маблағи нафақаи нафақагирон, ки маблағи умумии он талаботи моҳонаи нафақаро дар бар мегирад, бе ягон асос ислоҳ даровардан қатъиян манъ аст.
5.5. Мақоми маблағгузор аз оғози рўзи якуми кории моҳи ҳисоботӣ, аз рўи маблағи умумии рўйхатҳои ном ба номи нафақагирон супоришномаи пардохтӣ тартиб дода, маблағгузории маблағҳои нафақаро аз рўи талаботи муайяншуда то санаи 10-уми ҳамон моҳ ба суратҳисоби муассисаҳои агенти хизматрасон интиқол медиҳад.
5.6. Рўйхати ном ба номи нафақагироне, ки маблағҳои андўхти нафақавии онҳо тибқи замимаи 18-и Дастуруламал «Дар бораи тартиби ташкили пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ» пардохт мегарданд, аз ҷониби мақоми маблағгузор ба агенти хизматрасон бо имзо ва мўҳри электронӣ пешниҳод карда мешавад.
5.7. Барои мақомоти масъул: мақоми таъинкунанда, мақоми маблағгузор ва агенти хизматрасон, ҳуҷҷатҳои электронии  шакли №1 ва чопии шакли №3 санадҳои асосӣ барои маблағгузорӣ ва гузарониш ба суратҳисоби кортӣ маҳсуб меёбанд.
5.8. Мақоми  маблағгузор ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, №36 «Дар бораи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасонӣ ба нафақагирон» вобаста ба ҳаҷми маблағе, ки барои пардохти нафақаи нафақагирон маблағгузорӣ гардидааст, 1 (як) фоизи онро бо супоришномаи пардохтӣ, алоҳида ба суратҳисоби агенти хизматрасон ҷиҳати ҷуброни хароҷоти гузаронидашуда интиқол медиҳад.

VI. Тартиби  коркарди  ҳуҷҷатҳои аввалия, кушодани ҳисоб, тайёр намудани кортҳо ва расонидани онҳо ба  нафақагирон дар агенти  хизматрасон

6.1. Сохтори мутасаддии агенти хизматрасон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда-варақаҳои шахсӣ, ариза ва нусхаҳои шиносномаҳои нафақагиронро мавриди коркард қарор дода, мувофиқати онҳоро бо намунаи дар барнома нишондодашуда месанҷад. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи нафақагирон дар таҳвилхона сохторҳои ваколатдори агенти хизматрасон нигоҳ дошта мешаванд.
6.2. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда (ариза, анкета – варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома) барои ҳар як нафақагири дар рўйхатбуда ва ба барнома воридгардида суратҳисоби махсус кушода шуда, ҷиҳати тайёр намудани кортҳои бонкӣ ба маркази фардикунонӣ дархост фиристонида мешавад.
6.3. Маркази фардикунонӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи агенти хизматрасон, вобаста аз шумораи умумии кортҳои фармоишшуда дар мўҳлати 5 рўзи корӣ кортҳо ва РМИ-лифофаҳоро тайёр менамояд ва ба суроғаи агенти хизматрасон мефиристад. Дар навбати худ, агенти хизматрасон пас аз қабули кортҳо ва РМИ-лифофаҳо (ПИН-конверт) дар муддати 5 рўзи корӣ тартиби ҷобаҷогузорӣ ва тақсимоти минбаъдаи онҳоро вобаста аз суроғаҳои лозима таъмин менамояд.
6.4. Муносибати минбаъдаи нафақагир ва агенти хизматрасон дар асоси шартномаи тарафайн, ки дар он тартиби идораи ҳисоби махсус, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои бонк ва соҳиби корт нишон дода шудаанд, ба танзим дароварда  мешавад.
6.5. Бо ворид гардидани маблағҳои нафақа ба суратҳисоби мукотибавии агенти хизматрасон, тибқи рўйхатҳои ном ба номи нафақагирон гузарониши ин маблағҳо ба ҳисоби шахсии ҳар як нафақагири ба барнома дохилшуда  дар давоми як  рўз анҷом дода мешавад.

VII.  Тартиби   баҳисобгирӣ,  супоридан, нигоҳдорӣ
ва назорати кортҳои бонкӣ дар агенти хизматрасон

7.1.  Қабул, бақайдгирӣ ва тақсимоти кортҳои бонкӣ аз тарафи корманди масъул дар асоси бовариномаи аз тарафи роҳбари сохтори агенти хизматрасон додашуда, амалӣ мегардад.
7.2.  Шахси масъул кортҳои тайёршуда ва РМИ-лифофаҳоро аз сохтори кортҳои бонкии саридораи бонк дар асоси боваринома вобаста ба теъдоди кортҳои фармудашуда ва рўйхатҳои пешниҳодшуда бо дарҷкунӣ ва имзо дар китоби бақайдгирӣ қабул мекунад. Инчунин, ба корманди масъул рўйхати ном ба номи гирандагони корт, ки бо имзо ва мўҳри шўъбаи  кортҳои бонкӣ тасдиқ гардидааст, супорида мешавад.
7.3. Кортҳои тайёршуда ва РМИ-лифофаҳо баъди ворид шудан ба сохтори агенти хизматрасон  дар таҳвилхона нигоҳ дошта мешаванд.
7.4. Кортҳои тайёршуда ва РМИ-лифофаҳо дар сохтори агенти хизматрасон дар ҳисоби ғайритавозунии № 91301 «ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ» ворид карда шуда, то лаҳзаи ба соҳиби корт супоридани онҳо дар ин ҳисоб  нигоҳ дошта мешаванд.
7.5. Корманди мутасаддии сохтори агентии хизматрасон бо муроҷиати  нафақагир ва пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шиноснома) шахсияти нафақагирро муайян намуда, имзои ўро дар рўйхати аз шўъбаи кортҳои бонкӣ дастрасшуда мегирад. Баъди ин корти бонкӣ, РМИ-лифофа, нусхаи шартнома ва дастури истифодабарии кортҳо ба нафақагир супорида мешаванд.
7.6. Ба тамоми кормандони сохтори агенти хизматрасон бе муроҷиати нафақагир гирифтани корт аз таҳвилхона ё бо иҷозати нафақагир  нигоҳ доштани корт дар ҷойи корӣ, сандуқи оҳанӣ қатъиян манъ аст.


VIII. Тартиби пардохти нафақа тавассути
POS-терминал дар агенти хизматрасон

8.1. Корманди мутасаддии агенти хизматрасон вазифадор мебошад, ки дар асоси аризаи хаттӣ ба нафақагирони имконияташон маҳдуд (нафақагирони маъюби барҷомонда) ҳар моҳ, вобаста ба ворид гардидани маблағ ба ҳисобҳои онҳо дастрас намудани нафақа, иловапулӣ ва кўмакпулиҳоро тавассути таҷҳизоти терминалӣ дар ҷойҳои зисти онҳо таъмин намояд. Инчунин ў кортҳои ба чунин нафақагирон таъиншударо дар асоси ваколатномаи роҳбари сохтори агенти хизматрасон аз таҳвилхона тибқи муқаррароти мавҷуда қабул намуда, ба онҳо дастрас менамояд. Аризаи нафақагирон дар китоби махсус ба қайд гирифта шуда, дар ҷузвдони сохтори агенти хизматрасон нигоҳ дошта мешавад.
8.2. Aгенти хизматрасон пардохти нафақа, иловапулӣ ва кўмакпулиҳоро таваcсути таҳҷизоти терминалии васлшуда (ATM, POS)  амалӣ менамояд. Нафақагир бо хоҳиши худ метавонад маблағи нафақаро аз терминали барояш мувофиқи бонк ва дар вақти дилхоҳ. мустақиман дастрас намояд.
8.3. Нафақагир ба хазинадор кортро бояд бо шиносномаи худ пешкаш намояд ва маблағи зарурии хароҷотшавандаро мушаххасан нишон диҳад.
8.4. Мувофиқи қоидаҳои бонк дар раванди гузаронидани тамоми амалиёт бо кортҳо пардохтпазирии корт муайян карда мешавад. Санҷиши зайл чунин иқдомро дар бар мегирад:
-  хазинадор намуди зоҳирии кортро тафтиш менамояд, мавҷудияти рақами кортро мебинад, мўҳлати оғоз ва анҷоми кортро меомўзад, ному насаби соҳиби кортро муқоиса мекунад. Чунин ахборот дар рўи корт дарҷ шудааст;  
- хазинадор имзои нафақагирро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муқоиса менамояд;
- хазинадор санҷиши кортро тавассути таҷҳизоти терминалӣ анҷом медиҳад;
-  барои тасдиқи амалиёти зарурӣ соҳиби корт РМИ (Пин-код) рамзро дар PIN-pad (таҷҳизоти иловагӣ барои терминал) анҷом медиҳад;
- дар ҳолати санҷиши бомуваффақият терминал ду нусха расид чоп мекунад. Яке аз онҳо барои нафақагир, дуюмӣ барои хазинадор муқаррар гардидааст. Ба нафақагир зарур аст, ки дурустии маълумоти дар расид сабтшударо аз назар гузаронида, дар ҳар ду нусха имзо кунад. Дар ҳолати чоп нашудани расид ё пурра чоп нашудани он хазинадор бояд нусхаи дуюми (дубликати) расидро чоп намояд (дар расид нусхаи дуюм будани он бояд қайд карда шавад). Дар акси ҳол такроран гузаронидани амалиёт бо истифодаи корт тавассути терминал мумкин нест, барои он ки ин ба пардохти такрорӣ оварда мерасонад;
- дар вақти аз корт баровардани маблағҳои нисбат ба арзиши  хизматрасониҳо  зиёдтар сарфгардида ё дар ҳолати баъди гузаштани пардохт бо истифодаи корт аз гирифтани пул даст кашидани нафақагир, ў ҳуқуқ дорад, ки бекор намудани амалиётро талаб кунад. Бекор намудани амалиёт аз тарафи хазинадор анҷом дода мешавад.
- дар мавриди санҷиши бомуваффақият тибқи амали «Отмена» «Бекор кардан» ( бо забони тоҷикӣ), терминал ду нусхаи расидро чоп менамояд, ки яке аз он барои нафақагир ва дигар барои хазинадор муқаррар мегардад. Нафақагир дурустии маълумоти дар расид сабтшударо санҷида, ба он имзо гузошта, онро ҳамчун ҳуҷҷати дорандаи маълумоти амалиёти бекорнамоӣ (рақами корт, сана ва лаҳзаи гузаштани амалиёти бекорнамоӣ, рамзи санҷиш, маблағи амалиёт ва маблағи баргардонидашуда) нигоҳ медорад.

IX.  Тартиби пардохти нафақа дар ҳолатҳои махсус

9.1. Пешпардохти нафақа дар мавриди аз ҷумҳурӣ ба хориҷа барои зисти доимӣ баромада рафтани нафақагир, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, тибқи рўйхати ном ба номи нафақагирон, ки аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа пешниҳод мегардад, бо манзур гардидани корти бонкии нафақагир амалӣ карда мешавад.
9.2. Нафақагир ҳуқуқ дорад маблағи нафақаашро тавассути шахсони боэътимоди худ, ки барояшон корти иловагӣ тайёр намудааст, дастрас намояд.
9.3. Мақоми таъинкунандаи нафақа, рўйхати ном ба номи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, №525 ба онҳо барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ иловапулӣ дода мешавад, тартиб дода, ба барнома ворид менамояд. Рўйхати мазкур ҳар моҳ бо нишон додани андозаи маблағи пардохтшаванда дар шакли электронӣ ба мақоми  маблағгузор пешниҳод мегардад.
9.4. Мақоми маблағгузор бо қабул намудани рўйхатҳои ном ба номи нафақагирон барои пардохти нафақаи моҳона ва пардохти иловапулиҳо ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ, таҳлили рўйхатҳоро анҷом дода, маблағгузории онро вобаста ба ҳаҷми умумии маблағҳои дар рўйхатбуда дар як вақт ва пурра  таъмин менамояд.
9.5. Дар ҳолати фавти нафақагир мақоми таъинкунандаи нафақа нафақапулии пардохтнашудаи он рўзҳоеро, ки нафақагир дар қайди ҳаёт буд (моҳи нопурра) ҳамроҳ бо кўмакпулӣ барои дафн ҳисобӣ намуда,  рўйхати ном ба номи ҳармоҳаи ворисони нафақагирони фавтидаро барои гирифтани кўмакпулиҳо ҷиҳати дафни нафақагирони фавтида тартиб медиҳад. Рўйхати тартибдодашуда бо ҳуҷҷатҳои дар банди 4.4  нишон додашуда ба мақоми маблағгузор пешниҳод мегардад. Рўйхатҳои мазкур вобаста ба маҳалли зисти нафақагирони фавтида ва ҷойгиршавии сохтори агенти хизматрасон, ки нафақаи онҳо пардохт карда мешуд, тартиб дода мешаванд ва ба агенти хизматрасон ирсол мегарданд. Ҳамзамон ҳисоби ҷории бонкии нафақагир  маҳкам карда шуда, корти бонкӣ аз ворисон дархост карда мешавад. Дар ҳолати дарёфт нашудани корти бонкӣ, сабаби он бо таври хаттӣ нишон дода мешавад.


9.6. Пардохти кўмакпулӣ барои дафн бо пешниҳод намудани шиносномаи шахси дар рўйхатбуда (вориси нафақагири фавтида) амалӣ мегардад.
9.7. Пардохти кўмакпулӣ барои дафн бо пур намудани санади харҷии хазинавӣ амалӣ гардида, дар он ному насаби нафақагири фавтида ва шахси дар рўйхатбуда (ворис), андозаи маблағи пардохтшаванда, инчунин нишондодҳои шиносномаи шахси гирандаи кўмакпулӣ ва имзои он сабт мешаванд.
9.8. Ҳангоми бо қарори суд аз ҳисоби маблағи нафақа ба фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ситонидани маблағ (алимент, ҷарима, андозҳо ва пардохтҳои коммуналӣ) аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа, рўйхати чунин нафақагирон алоҳида тартиб дода мешавад ва маблағҳои зикргардида бевосита аз ҷониби мақоми маблағгузор ба суроғаи шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ интиқол дода мешаванд.

X. Тартиби манъкунии амали корт, мўҳлати эътибор ва талафёбии он

10.1. Истифодабарии корт дар ҳолатҳои зерин имконнопазир аст:
- дохил кардани рақами корт дар варақаи манъкунӣ (баъди аз варақаи манъкунӣ хориҷ кардани он, минбаъд истифода бурдани корт имкон дорад);
- ба охир расонидани мўҳлати эътибори корт;
- бастани (қатъ намудани фаъолияти) корт дар ҳолати нодуруст гирифтани ПИН-код –пайи ҳам 3 (се) маротиба;
- бастани корт вобаста аз талаботи нафақагир ё бо супориши агенти хизматрасон (дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ва ё муқаррот);
- набудан ё кам будани бақияи маблағҳо дар ҳисоби кортӣ.
10.2. Мўҳлати эътиборнокии кортро агенти хизматрасон  муқаррар менамояд ва он аз лаҳзаи барориши корт ҳисоб карда мешавад. Амалиётро аз рўи корт то рўзи охирини моҳи дар рўи корт сабтшуда анҷом додан мумкин аст. Баъди ба охир расидани мўҳлати эътибори корт онро ба агенти хизматрасон  баргардонидан зарур аст.
10.3. Баъди тамом шудани мўҳлати эътибори корт, инчунин дар ҳолати талафёбии он (гум шудан, дуздидани он, вайроншавӣ) нафақагир вазифадор аст, ки бо аризаи хаттӣ ҷиҳати аз нав баровардани корт агенти химатрасон муроҷиат намояд.
10.4. Дар мавриди талафёбии корт, бо мақсади пешгирӣ кардани эҳтимолияти истифодабарии шахси бегона аз он, нафақагир бояд фавран ба агенти хизматрасон  барои қатъ кардани фаъолияти корт бо рақами телефонии дар  корт нишон додашуда, инчунин ба мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ хабар диҳад.
10.5. Қатъсозии фаъолияти кортро агенти хизматрасон  фавран баъди муайян кардани шахсияти нафақагир аз рўи калимаи рамзӣ амалӣ менамояд. Дар ҳолати дар рўзи дуюми баъди талафёбии корт пешниҳод гардидани аризаи нафақагир агенти хизматрасон барои гузаронидани санҷиши амалиёти бо корт гузаронидашуда масъулиятро ба ўҳда намегирад. Барои амалиёти бо корт гузаронидашудаи  санҷиданашуда бонк ҳуқуқ дорад, ки масъулиятро ба дўши нафақагир вогузор намояд.
10.6. Ҳар як муроҷиати шифоҳии соҳиби корт дар давоми 10 (даҳ) рўзи тақвимӣ бояд ҳатман бо аризаи хаттии соҳиби корт (дар ҳолати имконпазир набудани пешниҳоди аризаи хаттӣ бо аризаи имзокардаи соҳиби корт, ки тавассути алоқаи факсӣ бо нишондоди калимаи рамзӣ фиристонида мешавад) бояд тасдиқ карда шавад. Дар акси ҳол, агенти хизматрасон ҳуқуқ  дорад, ки қатъ гардонидани фаъолияти корти нафақагирро бекор созад.
10.7. Дар сурати ёфт шудани корти гумшуда нафақагир вазифадор мебошад, ки онро ба агенти хизматрасон  баргардонад. Агар нафақагир корти нав нагирифта бошад, ҳақ дорад, ки ба агенти хизматрасон дар бораи аз варақаи манъкунӣ  хориҷ кардани рақами корт ё бекор кардани қатъсозии фаъолияти корт барои истифодаи минбаъдаи корт аризаи хаттӣ пешниҳод намояд.
Хориҷ кардани рақами корт аз варақаи манъкунӣ дар асоси муроҷиати хаттии нафақагирон ба агенти хизматрасон ва баъди пардохти маблағи комиссионӣ мувофиқи тарофаҳо дар  мўҳлати муайяншуда анҷом мегирад.

XI. Тартиби пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти дахлдор

11.1. Баъди ба охир расидани моҳи ҳисоботӣ, агенти хизматрасон тибқи имконоти барномавӣ, маълумоти моҳона дар бораи маблағгузорӣ, теъдод ва маблағи нафақагироне, ки нафақаашонро тавассути банкомат ва POS-терминал дастрас намудаанд, теъдод ва ҳаҷми маблағҳои нафақагироне, ки нафақапулиашонро нагирифтаанд, инчунин бақияи маблағҳои нафақа, ки дар ҳисоби шахсии нафақагирон дар рўзи охири моҳи ҳисоботӣ нигоҳ дошта шудааст, вобаста ба  ҳар як сохтори агенти хизматрасони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайёр намуда, дар шакли электронӣ ба  мақоми ваколатдори маблағгузор ва Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 10-уми моҳи навбатӣ пешниҳод менамояд.  

XII. Тартиби назорати иҷрои муқаррароти Дастуруламал

12.1. Мувофиқи муқаррароти банди 3.6. дастуруламали мазкур, амалиёти ҳаррўза оид ба воридот ва хароҷоти маблағҳои нафақагирон дар манбаи маълумоти мақомот акс меёбад. Барои пешбурди назорати доимӣ дар манбаи барномавӣ шахси масъул бо фармони роҳбари мақоми таъинкунанда нафақа,  таъин карда мешавад.
12.2. Дар ҳолати дар муддати 4 моҳи пайдарпай аз ҷониби нафақагир   гузаронида нашудани амалиёт  бо корт, рўйхати ном ба номи соҳибони кортҳои мазкур дар шакли электронӣ аз тарафи агенти хизматрасон ба мақоми таъинкунанда барои муайян намудани сабаби бозистодани  ҳаракати ҳисоб  пешниҳод мегардад.


12.3. Корманди  масъули мақоми таъинкунанда аз рўи манбаи барномавӣ ному насаби нафақагиронеро, ки муддати 4 моҳ амалиёт нагузаронидаанд, бо маълумоти пешниҳодгардида мувофиқат менамояд.
12.4. Намояндаи мақоми таъинкунанда ва корманди агенти хизматрасон ҳолати рўйдодаро дар маҳал муайян намуда, ҷиҳати маҳкам намудани ҳисоб, баргардонидани маблағҳо ва корти бонкӣ, инчунин дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, санади муштаракро дар ду нусха тартиб дода, бо имзо ва мўҳри роҳбарҳо тасдиқ карда, як нусхаи онро барои маълумот ба агенти хизматрасон пешниҳод менамоянд.
12.5. Рўйхати ном ба номи дорандагони ҳисобҳо (нафақагирон), ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро надоранд, аз ҷониби мақоми таъинкунанда тартиб дода шуда, аз тарафи мақоми маблағгузор барои бозпас гардонидани маблағҳо дар шакли хаттӣ ва электронӣ ба агенти хизматрасон пешниҳод мегардад.
12.6. Агенти хизматрасон вазифадор мебошад, ки дар муддати 5 рўзи корӣ маблағи нафақаҳои дар рўйхати ном ба ном пешниҳодшуда ва маблағи ҷуброни хароҷоти бонкро, ки барои хизматрасонӣ ба андозаи маблағҳои  бозпасшаванда дар ҳаҷми як фоиз гирифта шуда буд, ба суратҳисоби мақоми маблағгузор бозпас гардонад.
12.7. Мақоми назораткунандаи ваколатдор дар доираи салоҳият ва тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ санҷиши раванди воридоту хароҷоти маблағҳои нафақа, иловапулию кўмакпулиҳоро аз рўи таъминоти барномавии дар мақоми таъинкунандаи нафақа васлшуда, анҷом медиҳад.
12.8. Назорати раванди дастрас намудани маблағҳои нафақагирони имконияташон маҳдуд, инчунин мавҷуд будани аризаи хаттӣ, китоби бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои пардохтӣ аз тарафи мақомоти назоратӣ тибқи нақшаи муштарак амалӣ карда мешавад.

X. Муқаррароти гузаришӣ

То пурра амалӣ намудани пардохти нафақаҳо, иловапулию  кўмакпулиҳо ба шаҳрвандон  тавассути  кортҳои пластикии бонкӣ дар  ҷумҳурӣ пардохти нафақаҳо, иловапулию кўмакпулиҳо ба шаҳрвандон тибқи муқаррароти Дастуруламал “Дар бораи тартиби муайян намудани талабот, маблағгузорӣ, пардохти нафақа ва иловапулию кўмакпулиҳо ба нафақахўрон аз ҷониби мақомоти ваколатдор», ки бо фармони муштараки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 9 июли соли 2007, №55 ва № 67 тасдиқ гардидааст, сурат  мегирад.