FACE ID БАРОИ НАФАҚАГИРОН
29-уми ноябри соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, № 11 ҷиҳати гузарондани азнавбақайдгирии нафақагирон тариқи шинохти чеҳра дар 68 шаҳру ноҳия, таҳти роҳбарии директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ ва бо иштироки сардори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷаласа баргузор гардид.
Вобаста ба супориши мазкур фармоиши директори Агентӣ аз 14.11.2025, № 82 “Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ, ҷиҳати муайян намудани чеҳраи шахсияти нафақагирон (Face ID)” аз ҳисоби кормандони Агентӣ таъсис дода шуд.
Феълан Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барномаи мобилии шинохти чеҳраро омода намуда, дар раёсатҳои Агентӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ мондааст.

