Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ

17 июн 2026, Чоршанбе
12
Роҳбарият ва кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷавӣ ва нобаҳангоми муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот Худобердӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳамроҳ бо ҳамсар, фарзанди хурдсол, ёрдамчӣ ва ронанда ҷони худро аз даст доданд, сахт андӯҳгин буда, аз даргоҳи Илоҳӣ ба аҳли байти марҳум, роҳбарият ва тамоми мардуми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ сабру таҳаммул хоҳонанд. Даргузашти ин шахсияти барҷаста талафоти бузург барои давлат, ҷомеа ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ӯро мешинохтанд ва бо ӯ ҳамкорӣ доштанд.
Алишер Мирзонабот Худобердӣ аз фарзандони содиқи Ватан, шахсияти маъруф, инсони нексиришт, ходими шоиста ва мутахассиси ҳирфаии соҳаи роҳбарӣ буда, вазифаҳои хидзматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард. Марҳум фаъолияти меҳнатии худро ба хидмати содиқона ба давлат ва ҷомеа бахшида, дар солҳои фаъолият бо масъулиятшиносӣ, садоқат ба вазифа, одоби баланди касбӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон миёни аҳли ҷомеа эҳтироми хосса пайдо карда буд. Зиндагиномаи ӯ барои насли ҷавон ва мутахассисони касбу кори гуногун намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Марҳум дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳми арзанда гузошта, бо ташаббусҳои созанда ва фаъолияти самараноки худ дар хотири мардум ҷойгоҳи шоиста касб намудааст.
Итминони комил дорем, ки кору пайкори ин шахсияти нексиришт ва майдони сиёсатро шогирдон ва ҳамсафонашон идома хоҳанд дод.
Номи неки Алишер Мирзонабот Худобердӣ бо меҳнати содиқона, донишу таҷриба ва ахлоқи ҳамида дар хотири ҳамкасбону ҳамватанон ҳар яки мо абадӣ хоҳад монд.
Хотираи неки Мирзонабот Алишер Худобердӣ шод бод!