ГУЗОРИШ АЗ ЯК СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Рушди соҳаи суғурта, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат буда, ҳамчун омили асосии пешрафт арзёбӣ мегарданд. Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» масъулияти аҳли кормандони суғуртаи иҷтимоиро барои татбиқи дастовардҳои соҳа ва дарёфти манбаҳои иловагӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии табақаи осебпазири ҷомеъа ба пешрафти технологӣ дучанд мегардад.
Дар ин замина, рӯзҳои 10-17-уми июн Беҳрӯз Ҳокимов, муовини сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфироди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони раёсатҳои АСИН дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ доир намуд.
Дар семинар тартиби истифодаи барномаи (Finclient) ба маҳзани ягонаи нафақагирон ворид намудани муроҷиати шаҳрвандон ва автоматӣ фармоиш додани суратҳисоб аз маҳзани ягонаи нафақагирон, нигоҳдории маълумоти ҳисоботҳои оморӣ, инчунин рафти хидматрасонӣ дар шакли электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар барномаи (Finclient) гузарондани амалиётҳои асосии зерин пешбинӣ шудааст, ки барои таъини нафақа ва дигар намуди муроҷиати шаҳрвандон оид ба нафақа муфид мебошад. Ҳадафи асосии ҷории барномаи нави иттилоотӣ дар низоми Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои ба таври маҷозӣ дастрас намудани рақами суратҳисоби бонкии нафақагирон аст.
Барномаи нави иттилоотӣ имконият фароҳам меорад, ки маълумоти марбут бо нафақагирон ва шахсони суғурташаванда ба таври мутамарказ ва дақиқ ба роҳ монда, сатҳи хидматрасонӣ ва шаҳрвандон (нафақагирон) ба марҳалаи сифатан нав бардошта шавад. Низоми мазкур шаффофият дар пешниҳоди хидматрасониҳоро таъмин намуда, коркарди маълумот содда ва босуръат мегардонад. Хатогиҳои эҳтимоли коҳиш ва дастрасӣ ба маълумот беҳтар хощад шуд.
Истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти Агентӣ қадами муҳим дар роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, ба беҳтар гардидани сифати хидматрасонӣ, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон мусоидат менамояд.
