ШАҲРИ ИСФАРА. ДАР ПАЙРАВӢ БА АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ САРБОЗОНУ АФСАРОН ДАСТАРХОНИ ИДОНА ОРОСТА ШУД
20-уми июн ба ифтихори 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар партави омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, муовини раиси шаҳри Исфара Субҳиддин Ҷӯразода бо шароити будубош ва хидмати сарбозону афсарони қисми ҳарбии сарҳадбонони 0215-и шаҳри Исфара шинос гардида, дастурхони хоси ҷашнӣ ороста шуд.
Абдураҳмон Ҳалимзод дар ибтидо ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки имрӯзҳо аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароитҳои зарурӣ барои будубош, истироҳат ва машқу тамрини сарбозону афсарон муҳайё буда, рӯз ба рӯз хубтару беҳтар мегардад. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хидмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад. Дидорбинӣ бо афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо шароити буду боши онҳо чун тарбири тарғиботӣ амалӣ шуда, дар заминаи он хидматчиёни ҳарбӣ руҳбаланд ва ҳамзамон майли ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат меафзояд.
Сарбозону афсарон нисбат ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки содиқонаву софдилона ба халқу Ватани хеш хидмат намуда, баҳри ҳифзи амнияту осоиштагӣ талош хоҳанд кард.