Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

26 июн 2026, Ҷумъа
5


Мояи ифтихор ва шукргузорист, ки аз рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагист, 29 сол сипарӣ шуд. Шоёни зикр аст, ки ин ҳама сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои Сарвари хирадсолори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст...
Вожаи «ваҳдат»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо калимаи одӣ набуда, балки номаи тақдири миллат, ривоҷи пешрафти ҷумҳурӣ ба сӯи фардои обод ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ва ин сухани пурмаънӣ миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ мақоми арзандаро дорост. Зеро ваҳдат ибтидои ҳамаи дастовард, созандагиву ободкориҳо, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Ин нукта дар чорабинии бошукӯҳи идонае, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва аҳли кормандони Агентӣ доир гардид, баён шуд.
Абдураҳмон Ҳалимзод бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфт.
Зикр шуд, ки бо камоли ифтихору сарфарозӣ қайд гардид, ки сулҳу ваҳдат имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон зиёд ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Воқеан ҳам сулҳ, оромӣ, ваҳдат вожаҳоеанд, ки барои мардуми одӣ ғизои маънавӣ, ҳаёти ояндаи осудаҳолона, сабаби рушди корҳои созандагиву ободонӣ, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд. Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти ҳар як халқу миллат баробар ба истиқлоли давлатӣ аҳамияти боризро молик аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ваҳдати сартосариро ҳифз намояд, зеро он барои ҳар яки мо гиромист.
Пешвои муҳтарами миллат Рӯзи Ваҳдати миллиро «рамзи саодат» номидаанд. Бале, он рамзи саодат ҳатто худи саодат ҳам ҳаст. Саодати мо дар он аст, ки ба шарофати сулҳ нотарсонаву далерона дар талоши зиндагонием, меомӯзем, тарбия менамоем, маҳсулоти моддию маънавӣ меофарем, кишварро рушд медиҳем.
Дар заминаи таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ваҳдати тоҷикон беҳтарин дастовард маҳсуб меёбад. Дар ин давра тавассути тадбирҳои наҷиб ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат барномаҳое рӯи кор омаданд, ки онҳо барои рушди иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Аз саҳифаҳои таърих ба мо равшан аст, ки равандҳои муҳими ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳо дар кадом айёме набошад барои ваҳдату субот, оромӣ ва муттаҳидӣ мадад мерасонад. Ваҳдати миллии мо, ки дар асоси тафоҳуми комил ба даст омадааст, яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад. Маҳз ваҳдати миллӣ сулҳу суботро дар мамлакат таъмин бахшида, баҳри ояндаи шукуфои кишвари азизамон замина гузошт.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки мо бояд ҳамеша ҷузъиётҳои раванди сулҳоварӣ ва давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллатро дар ёд дошта бошем ва музаффариятҳои сулҳро таҳким бахшем.
Дар чорабинии идона филми кутоҳе оид ба саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу оромӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз манзури ҳозирин гардонда шуд.
Пас аз ироаи суханрониҳо аз тарафи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фаъол бо мукофотҳои хотиравии идона сарфароз гардиданд.