1 ИЮЛ. РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар замони муосир» чорабинии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши бошукӯҳ, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарият, собиќадорони соња, кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, намояндагони вазорату идораҳо ва рўзноманигорон иштирок ва суханронӣ карданд.
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иброз дошт, ки кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар рушди ин соҳаи муҳими кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Бо ҳидояту ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба зиёд шуд, ки аз баракати таъмини амният, сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар шаҳодат медиҳад. 16-уми феврали соли 2026 барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардида, минбаъд 1-уми июл ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа расман таҷлил мегардад. Басе рамзист, ки 30-юмин солгарди таъсисёбии Агентӣ ва таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳа дар доираи Ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омад. Имрӯз бори аввал аст, ки Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил мешавад.
– Баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумат аст. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур дар 30-соли таъсисёбии фонди нафақа беш аз 20 бинои нав барои сохторҳои Агентӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, 25 бинои дигар пурра аз таъмир бароварда шуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди кории кормандони соҳа ва беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ ба нафақагирон мусоидат менамояд. Дар давраи фаъолияти соҳа 20 корманди Агентӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, 14 кас бо медали “Хизмати шоиста” ва 6 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ даҳҳо корманди Агентӣ барои иштирок дар барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд, – илова кард Абдураҳмон Ҳалимзод.
Дилрабо Мансурӣ афзуд, ки соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сиёсати давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои калидӣ дар таъмини ҳифзи иҷтимоии сокинон маҳсуб ёфта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ мебошад». Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Солҳои охир фаъолияти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба таври назаррас пеш рафтааст. Илова бар ин, барои таъмини нафақаи шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи ҷумҳурӣ низ бо як қатор давлатҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Тавре иттилоъ доданд, шумораи нафақагирон сол ба сол меафзояд. Агар дар соли 2000 шумораи нафақагирон 559 437 нафарро ташкил медод, афзоиши он ба ҳолати январи соли 2026-ум ба 56,8 дарсад расид.
Ба таъкиди иштирокдорон таъмини саривақтӣ ва пурраи нафақа, такмили низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳод боқӣ мемонад. Бо назардошти афзоиши шумораи нафақагирон, тадбирҳои иловагӣ барои устувории молиявии низоми нафақавӣ ва беҳтарсозии хидматрасониҳо амалӣ мешаванд. Бо ин маќсад аз якуми сентябри соли равон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) мешаванд. Зиёд гардидани андозаи нафақа яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои дастгирии нафақагирон ва беҳтар гардидани зиндагии онҳо мебошад.
Дар фароварди чорабинӣ собиқадорони соҳа Саъдулло Қудратуллозода, сардори раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андӯхтҳои нафақавӣ, Шариф Шомадзода, сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Кӯлоб бо нишони сарисинагии Аълочии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 корманди фаъоли Агентӣ бо сипоснома ва мукофотҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
