ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО МУШОВИРИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори Агентӣ Усмоналӣ Қурбонзода бо мушовири Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи пилотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ Эмилио Бугали баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, инчунин мутахассисони Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва дигар кормандони Агентӣ иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот вазъи татбиқи лоиҳаи пилотии амалкунанда, қадамҳои минбаъда ҷиҳати тавсеаи лоиҳаи пилотии низоми нафақа, инчунин Стратегияи рақамикунонии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои 3 соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Усмоналӣ Қурбонзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба шумор рафта, татбиқи самараноки он ба баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, шаффофияти равандҳо ва дастрасии шаҳрвандон ба хидматрасониҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд, ки барои суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии низоми нафақа, пешгирӣ аз такрори ҳуҷҷатгузорӣ дар шакли коғазӣ ва таъмини устувории татбиқи Стратегияи рақамикунонии Агентӣ, мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар аҳамияти муҳим дорад.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Эмилио Бугали аз фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ дидан намуда, бо рафти корҳои иҷрошаванда, хидматрасониҳои рақамӣ ва раванди татбиқи лоиҳаи пилотӣ аз наздик шинос шуд.
Дар фароварди мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми рақамии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
