Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

10 июл 2026, Ҷумъа
12
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2026 таҳти раёсати директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод баргузор гардид.


Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарвеш Сафарзода, муовини раиси Кумиати андоз Ҷурабеки Ҷумъа, муовини раиси раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" Фирдавс Ризвонзода, сардори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, муовинони директор, сардорони раёсатҳои Агентӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои соҳа иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давраи ҳисоботӣ, сатҳи иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ ва масъалаҳои мубрами фаъолияти Агентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни ҷаласа оид ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, такмили хидматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои Агентӣ ҳисоботҳо шунида шуд.
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод бо таҳлили натиҷаҳои бадастомада барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати иҷрои вазифаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Зикр шуд, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то якуми июли соли равон 3 миллиарду 330,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ иҷроиши он 105,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ беш аз 3,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин давра ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл, аз ҷумла пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, пардохти идрорпулии шаҳрвандони бекоре, ки тавассути роҳхатҳои мақомоти мазкур ба тайёрии касбӣ сафарбар карда шуданд, барои таёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок барои бекорон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар робита бо иҷрои талаботи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар асоси дархостҳои пешниҳодгардида ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд.
То якуми июли соли равон шумораи умумии нафақагирон ба 876 990 нафар расид.
Дар фароварди ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.