Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул

15 июл 2026, Чоршанбе
0

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд муҳтарам Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтори шадид дар яке аз мавзеъҳои тафреҳии пойтахти Шоҳигарии Таиланд – шаҳри Бангкок боиси андӯҳи мо гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Таиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».