Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ИТТИҲОД ШАРТИ МУҲИМИ ПИРӮЗӢ БАР ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ АСТ

21 июл 2026, Сешанбе
16

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Дар шинохти террористу экстремист назарот ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид мекунанд, наметавон ёфт: “Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Оре, террорист мавҷуди беҳувиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он, ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст. Яъне, террористро на танҳо наметавон инсон номид, балки ҳайвон шумурдани он низ тавҳин бар олами вуҳуш аст. Ифротиён ҷаллодони дастомӯзи аҳриман ҳастанд, ки бо даҳшатҳову ваҳшатҳо ба ҷойи зиндагӣ дар рӯйи замин тухми нифоқу нафрат ва марг мекоранд. Террорист мавҷуди маъюбу махуфу сиёҳи сарзамини ҷоҳилӣ аст, ки ҳар амалу рафтори хашини ӯ дар сиёҳтарин сафҳаи дафтари таърих аз худ нишон мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, набояд таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ба амнияту суботи сиёсиро сарфи назар намуд, зеро он то ҳанӯз ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд, ки мамлакати мо низ истисно буда наметавонад. Ҳадафи меҳварии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор мераванд.

То имрӯз собит шудааст, ки мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ бо зури силоҳ ва таҳдид ба даст овардани ҳокимият буда, барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳеҷ даҳшатафкание рӯй наметобанд. Барои террорист зан, мард, пиру ҷавон, ҳамдин, ҳаммиллат, ҳатто хешованд ҳеҷ арзише надорад. Дар таърих даҳҳо мисол рақам зада шудааст, ки террористон ба сари модари худ мушт бардоштаву бародару хоҳари хешро низ қатл кардаанд, ки мавриди накуҳиш, тааҷҷуб ва таассуфи ҷомеа аст.

Тоҷикистон дар ақсои олам ҳамчун кишвари ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шинохта шуда, терроризму экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон медонад ва барои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад. Мисоли равшани ин, мизбонии кишвари мо аз чанд конфронсу ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба муқовимат алайҳи терроризму экстрмизм аст, ки зимни баргузории онҳо мавқеи ягона ва оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар мубориза бо ин зуҳурот шинохтатар шуд.


Имрӯзҳо шоҳидем, ки созмонҳои террористию экстремистӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта васеъ истифода мебаранд. Лиҳозо, бояд ҳар фарде, ки истифодабарандаи интернет ҳаст, бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муборизаи беамон барад. Зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромиву амнияти ҷомеа буда, мавқеи гурӯҳҳои манфиатдори ифротиро танг ва нақшаҳои шумашонро барбод хоҳад дод.

Ҳамзамон, зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва тавсеа пайдо кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамоно масъалаи таълиму тарбияи насли нав ва ҷавонро дар мадди аввал гузорем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расонем. Бояд дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат амал намуда, дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ватандӯсту худшинос бошем, ба арзишҳои миллии худ арҷ гузошта, дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифзу таҳким бахшем. Аз дасисаи душманони дохилу хориҷ, ки дар хориҷи мамлакат паноҳ бурдаву дар пайи ноором кардани вазъи осудаи кишваранд, ғофил намонем.