Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

21 июл 2026, Сешанбе
0

Муҳтарам намояндаҳои воситаҳои ахбори омма. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба нишасти матбуотӣ даъват менамояд, ки 22-юми июли соли 2026, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Агентӣ баргузор мегардад.
Дар нишаст масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин, ба саволҳои намояндаҳои ВАО посухҳои муфассал пешниҳод хоҳанд гардид.
Ҳузури Шумо барои мо боиси ифтихор хоҳад буд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ - 24.