Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

22 июл 2026, Чоршанбе
8



Аз пардохти нафақа қарз вуҷуд надорад


22-юми июли соли 2026 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузарондани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026, ки аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Агентии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарвеш Сафарзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.
Директори Агентии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод, нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумот пешкаш карданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи сипаригардида қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, маблағгузории пардохти нафақа 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 миллион сомонӣ бештар аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон аз рӯи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ 267,6 миллион сомониро ташкил кард.
Мувофиқи ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рақамикунонии босуръат барои таъмини шаффофият дар фаъолияти соҳа яке аз ҳадафҳои афзалиятнок буда, Агентӣ дар ин самт тадбирҳои муайян меандешад.
«Аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» таҳия гардид. Мувофиқи он аз моҳи августи соли 2025 пардохти нафақа ба таври мутамарказ тавассути «Амонатбонк» дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра амалӣ гардид. Барномаи мазкур ба беҳтар намудани хидматрасонӣ, таъмини шаффофият дар самти ҷамъбасти талаботи нафақа ва тезондани муҳлати пардохти он, инчунин аз байн бурдани ҳолатҳои аз ду ҷой гирифтани нафақа мусоидат менамояд», — иброз дошт директори Агнетӣ.
Абдураҳмон Ҳалимзод таъкид кард, ки Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» оид ба бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳоро ба роҳ монд. «Пули ҳушманд» имкон медиҳад, ки пардохти нафақа фавран боз дошта шуда, мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа пас аз фавти нафақагир идома меёфтанд, аз байн раванд.
Дар идома аз тарафи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ саволҳо пешниҳод шуданд, ки ба онҳо масъулон посухҳои дақиқ ва қаноатбахш манзур намуданд.