Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ГУЗОРИШ АЗ ЯК СЕМИНАРИ МУҲИМИ ОМӮЗИШӢ

24 июл 2026, Ҷумъа
9

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии соҳа ва татбиқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2026, №4 барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандон дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ, дар минтақаи Рашт барои кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи барномаи нави иттилоотии «Феҳристи ягонаи нафақагирон (FinClient)» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ Беҳрӯз Ҳокимов, инчунин роҳбарону мутахассисони шуъбаҳои АСИН дар минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш тартиби истифодаи барномаи мазкур, ворид намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба феҳристи ягонаи нафақагирон, ирсоли автоматии дархостҳо барои гирифтани маълумот оид ба суратҳисобҳои бонкӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти оморӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳо дар шакли электронӣ ба иштирокчиён омӯзонда шуд.

Зимни суханронӣ Беҳрӯз Ҳокимов таъкид намуд, ки рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, татбиқи онҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон зикр гардид, ки эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» масъулияти кормандони соҳаро дар самти татбиқи технологияҳои муосир боз ҳам бештар мегардонад.

Иброз гардид, ки барномаи FinClient имконият фароҳам меорад, ки як қатор хизматрасониҳо, аз ҷумла кушодани суратҳисоби бонкӣ барои нафақагирон, ирсоли дархост барои гирифтани корти бонкӣ, ҳамоҳангсозии маълумот бо муассисаҳои молиявӣ, инчунин амалиётҳои марбут ба таъини нафақа, бозҳисобӣ, қатъ ва барқарор намудани нафақа ба таври электронӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, барномаи мазкур имконият медиҳад, ки маълумот оид ба нафақагирони фавтида сари вақт муайян гардида, пардохти минбаъдаи маблағҳои нафақа пешгирӣ карда шавад. Инчунин, маълумот дар бораи маблағҳои пас аз фавти нафақагир пардохтшуда, ки тибқи тартиби муқарраргардида бояд бозпас гардонида шаванд, ба таври фаврӣ дастрас гардида, барои андешидани чораҳои зарурӣ мусоидат менамояд.
Ҷорӣ намудани барномаи нави иттилоотӣ ба мутамарказ намудани маълумоти нафақагирон ва шахсони суғурташаванда, баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани хатогиҳои эҳтимолӣ, соддаву босуръат гардидани раванди хизматрасонӣ ва беҳтар шудани дастрасии кормандон ба маълумот мусоидат хоҳад кард.
Дар охири семинар иброз гардид, ки чунин омӯзишҳо минбаъд низ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи Агентӣ баргузор гардида, барои татбиқи босамари технологияҳои рақамӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.