ШИНОСОИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Сафар аз ноҳияи Данғара оғоз гардида, нахуст иштирокдорон аз осорхонаи мактабии Пешвои миллат дидан намуданд. Осорхона яке аз марказҳои муҳими таърихиву фарҳангии мамлакат буда, дар он саҳифаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, марҳалаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои муҳими кишвар дар даврони истиқлол ба таври фарогир муаррифӣ шудаанд. Кормандони Агентӣ зимни тамошои толорҳои осорхона бо ҳуҷҷатҳои нодир, аксҳои таърихӣ, туҳфаҳои расмӣ, китобҳо ва дигар нигораҳое, ки фаъолияти густурдаи сиёсӣ, давлатӣ ва байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, аз наздик шинос гардиданд. Роҳбаладони осорхона ба иштирокдорон оид ба ҳар як бахш маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳаммияти таърихии нигораҳоро шарҳ доданд.
Баъдан сафар ба шаҳри Норак идома ёфта, кормандон аз Неругоҳи барқи обии «Норак», ки яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, боздид намуданд. Мутахассисони Неругоҳ оид ба таърихи бунёди иншоот, иқтидори истеҳсолӣ, нақши он дар таъмини амнияти энергетикии мамлакат ва татбиқи барномаҳои навсозии таҷҳизоти неругоҳ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокдорон бо фаъолияти шабонарӯзии Неругоҳ, истифодаи технологияҳои муосир ва саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ шинос гардида, таъкид намуданд, ки чунин иншооти азими стратегӣ намунаи равшани пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар рафти сафар байни кормандон мубодилаи афкор сурат гирифта, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва аҳаммияти шиносоӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон суҳбатҳои судманд баргузор гардиданд. Иштирокдорони сафар изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии кормандон аҳаммияти махсус доранд. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, боло бурдани рӯҳияи дастаҷамъӣ, рушди фарҳанги ташкилотӣ ва баланд гардидани ҳавасмандии кормандон дар фаъолияти касбӣ мусоидат менамоянд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии худ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақавӣ, ба рушди маърифати фарҳангӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҳайати кормандон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Сафари фарҳангиву маърифатӣ ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара дар фазои самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ анҷом ёфта, барои иштирокдорон хотироти нек ва таассуроти фаромӯшнопазир ба ҷо гузошт. Чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома ёфта, барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамбастагӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва рушди фарҳанги ташкилотии кормандони Агентӣ мусоидат хоҳанд кард.
