Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ: МУҚОВИМАТИ ҲАМАҶОНИБА ВА ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА

07 август 2026, Ҷумъа
8

Имрӯз дар шароити тағйирёбии босуръати вазъи сиёсии ҷаҳон, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатҳо табдил ёфтааст. Зеро дар баробари пешрафти илму технология ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, таҳдидҳои наве ба миён омадаанд, ки ба амнияти давлатҳо ва ҷомеаҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок имрӯз аз ҷумлаи таҳдидҳои асосии амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Хусусияти нигаронкунанда дар он аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз усулҳои муосири таблиғотӣ, махсусан фазои маҷозӣ, кӯшиш мекунанд сафи худро васеъ намуда, ҷавононро ба ғояҳои бегона ва хатарнок ҷалб намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ оқибатҳои вазнини низоъҳои дохилиро аз сар гузарондааст, аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро хуб дарк мекунад. Таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мардуми кишвар сабақи бузурге гардид, ки нишон дод: ҳифзи сулҳ, субот ва амнияти миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад.

Заминаи ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм


Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм сиёсати устувор ва пайгиронаро пеш гирифтааст. Ҳукумати мамлакат доираи хатарҳои ин зуҳуроти харобиоварро пайваста таҳлил намуда, барои тақвияти механизмҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ташкилии мубориза чораҳои зарурӣ меандешад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар ин соҳа такмили заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 2 январи соли 2020 дар таҳрири нав қабул гардид, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти хатарнокро муайян менамояд.
Мувофиқи қонун, экстремизм ҳамчун мафкура ва амалҳое маънидод мешавад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ё дигар роҳҳои ғайриқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ равона шудаанд.
Фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротӣ, даъват ба зӯроварӣ ва амалҳое, ки ба халалдор намудани амнияти миллӣ нигаронида шудаанд, тибқи қонунгузории кишвар ҷавобгариро ба миён меоранд.
Мавҷудияти чунин заминаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мубориза бо экстремизм дар асоси меъёрҳои қонунӣ ва бо риояи талаботи ҷомеаи ҳуқуқбунёд амалӣ гардад.


Пешгирӣ – муҳимтарин омили муқовимат


Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо муборизаи қудратӣ бар зидди терроризм ва экстремизм кофӣ нест. Роҳи самараноки муқовимат пеш аз ҳама аз пешгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии солим оғоз меёбад. Аз ин рӯ, Стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба корҳои пешгирикунанда аҳамияти махсус медиҳанд. Зеро шахси дорои дониш, тафаккури солим ва маърифати ҳуқуқӣ ба таъсири ғояҳои ифротӣ камтар гирифтор мешавад.
Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим аст. Маҳз тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ метавон ҷавононро аз хатари пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз намуд.