БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ — ТАЛАБИ ЗАМOНИ МУОСИР
![]()
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баланд бардоштани саводи рақамӣ ва такмили малакаҳои истифодаи технологияҳои муосир аҳамияти муҳим дорад.
Бо ин мақсад дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти рушди малакаҳои рақамӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, хизматрасониҳои электронӣ ва риояи қоидаҳои бехатарии рақамӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Зимни семинар таъкид шуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, кормандон бояд пайваста донишу малакаи худро такмил диҳанд.
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рушди технологияҳои рақамӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, осон кардани дастрасӣ ба иттилоот ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳои хизматрасонӣ аҳамияти хос дорад.
Баргузории чунин семинарҳо ба баланд гардидани сатҳи саводи рақамии кормандон ва татбиқи васеи технологияҳои муосир мусоидат намуда, барои гузариш ба низоми самаранок ва муосири хизматрасонӣ замина фароҳам меорад.
