ОРДЕНИ ШАРАФ ДАРАҶАИ 2 МУБОРАК БОД, МУҲТАРАМ ДИРЕКТОР!
Боиси ифтихору сарфарозии аҳли кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми августи соли 2026 дар Қасри миллат дар радифи дигар роҳбарону намояндагони касбу соҳаҳои гуногун, ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти самараноку содиқона дар хизмати давлатӣ ордени Шараф дараҷаи 2 тақдим гардид.
Ин қадрдонии олии давлатӣ барои ҳар як корманди Агентӣ мояи ифтихор буда, пеш аз ҳама, нишони эътирофи хидматҳои арзандаи роҳбарияти Агентӣ дар роҳи таҳкими низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва татбиқи пайгиронаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин рӯзи фархунда, ки бо сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чеҳраҳои арзандаи меҳнатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, мо — кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достиро ба ин дастоварди шоиста самимона ва аз самими қалб табрик менамоем.
Мукофоти давлатӣ — ордени Шараф дараҷаи 2 дар баробари қадрдонии фаъолияти бисёрсолаи меҳнатӣ, масъулияти бештареро низ дар назди ҷомеа ба миён мегузорад. Итминон дорем, ки ин мукофоти пурифтихор барои роҳбарияти Агентӣ неруи тоза бахшида, дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рақамикунонии соҳа, такмили низоми нафақа ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Зери роҳбарии Шумо, муҳтарам Директор, Агентӣ дар самти такмили хидматрасониҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва таҳкими низоми муосири идоракунии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қадамҳои устувор мегузорад. Ин дастовардҳо аз масъулиятшиносӣ, меҳнати содиқона ва муносибати ҷиддӣ ба вазифаҳои хидматӣ дарак медиҳанд.



