ҚАДРШИНОСИИ ДАВЛАТӢ — АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ СОДИҚОНА


Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар маросим аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсоне, ки бо меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоиста анҷом додаанд, мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд.
Дар ин маросими бошукӯҳ ду нафар аз кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Агентӣ Қурбонзода Усмоналӣ ва сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Сулаймонзода Тоҳир барои хидматҳои шоиста ва фаъолияти самаранок бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Сарфароз гардидан бо медали «Хизмати шоиста» нишони эҳтиром ва қадршиносии давлат ба меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамари касбӣ буда, аз арзёбии баланди хизматҳои шоиста дар назди давлату ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ин қадршиносии давлатӣ барои кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мояи ифтихор буда, аҳаммияти меҳнати софдилона, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзандаи кормандони соҳаро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бозгӯ менамояд.
Қадрдонии мазкур ҳам барои Қурбонзода Усмоналӣ ва ҳам барои Сулаймонзода Тоҳир рӯйдоди муҳими фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, барои идомаи фаъолияти созанда, иҷрои масъулиятҳои хидматӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи иҷтимоии мамлакат такони тоза мебахшад.
Аҳли кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Усмоналӣ ва Сулаймонзода Тоҳирро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.
Табрикоти самимии мо ба муносибати ин дастоварди шоиста!
Дигар хабарҳо:
