Версия для печати
06.03.2020 || 18:43

Сухани табрикии Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод ба муносибати Рўзи модар

Њамкорони муњтарам!

Имрўз мо дар арафаи яке аз љашнњои бузург-Рўзи модар, ки барои њар яки мо азизу мўътабар мебошад, ќарор дорем. 

Бо камоли эњтиром мехоњам Шумо бонувони азиз, кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дар симои Шумо тамоми бонувони сохторњои зертобеи Агентиро бо ин љашни фархунда табрику тањният гўям.

Басо рамзист, ки дар остонаи иди занону модарон, ки онњо воќеан њам таљассумгари зебоии фасли бањор мебошанд, ба ин сарзамини мо фасли зебои сол, бањори нозанин аз омад -омади худ башорат дода, бо ќадамњои хуљастаи худ аз фарорасии Наврўзи оламафрўз дарак медињад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон дар сифати зан-модар дар яке аз баромадњояшон ќайд намуданд, ки “Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”. 

Воќеан њам, њамкорони муњтарам, дар ҳаёти имрӯза, занон на танҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд.

Зан, модари тољик њамеша њамќадами њаёт буда, дар рушди иќтисодиёт ва тамаддуну фарњанги миллї наќши арзанда мегузорад. Занон имрўз њамчун сиёсатмадору олим, омўзгору бунёдкор ва офарандаи неъматњои моддї баробари мардон зањмат кашида, дар рушду нумў ва ободии кишвари азизамон сањмгузор мебошанд.

Дар Тоҷикистон занону модарон ба ғамхории ҳаматарафаи давлат фаро гирифта шудаанд. Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо мусоидати комил менамоянд. Баҳри татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки самараҳои дилхоҳ ба даст овардаанд.

Имрўз занон дар љомеаи мо яке аз ќуввањои бузург ба шумор мераванд ва аз ин љост, ки давлат ва Њукумати љумњурї, бахусус њалли проблемањои онњоро самти муњими фаъолияти худ медонад. 

Њоло иштироки занон дар корњои давлатдорї, идораи соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёт хеле баланд буда, иљрои вазифањои масъули давлатї ба зиммаи онњо гузошта шудааст. 

Дар баробари ин, ба мансабњои роњбарикунандаи соњаи иљтимої низ љалб намудани занон диќќати љиддї дода мешавад. Ќариб 50% кормандони соњаи моро занон ташкил медињанд. Онњо дар вазифањои масъули роњбарикунанда адои вазифа намуда, дар пешбурди рушди соњаи иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї сањми арзанда гузошта истодаанд.

Бо таъмини масъалаи мақоми зан дар ҷомеа, мо метавонем ҷомеаи устувор, боадолат ва ҳаматарафа рушдкардаро бунёд намоем. Хизматҳои арзандаи садҳо нафар фаъолзанеро, ки дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ заҳмат мекашанд, мардуми кишвар ҳамчун ифодаи қадрдонӣ бо ифтихор ба забон меоранд.

Њозирини гиромї!

Мо ба рисолати аслии занон, ба нерўи созандаи онњо дар љомеа умед баста, боварии комил дорем, ки занони фарзона ва оќилаи тољик барои пойдории хонадон, тарбияи фарзандони соњибмаърифат, бонангу номус ва ободии кишвар мењру муњаббат ва ќуввату ѓайрати худро дареѓ намедоранд.

Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Аз ин рў бо як љањон ихлосу мењр њар яки Шумо бонувони арљмандро бори дигар бо чунин рўзи фархунда муборакбод мегўям. Орзу мекунам, ки ба бахти Тољикистони азиз њамеша сињатманду саодатманд, хотиратон шод ва хонадонатон обод бошад.

Идатон муборак бонувони азиз!

8-28-3

8-18-4

Хонда шуд 965 маротиб