19.03.2015 | 05:00 |
Хонда шуд 5650 маротиб

Рўзҳои 17-18 март соли ҷорӣ дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи нафақа Агентӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Оид ба дастгирии техникии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» бо иштироки кормандони масъули раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентии ноҳияҳои пилотии Вахши вилояти Хатлон, Ҳисор ва Маркази баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинар доир намуд.

13.03.2015 | 19:08 |
Хонда шуд 3427 маротиб

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷроиши буҷет дар ҳамкори бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст.

13.03.2015 | 10:49 |
Хонда шуд 3058 маротиб

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

05.03.2015 | 17:20 |
Хонда шуд 3318 маротиб

     Рўзи 5.03.2015с. дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

17.02.2015 | 18:00 |
Хонда шуд 9494 маротиб

       Рўзи 17.02.2015с. тибқи нақшаи тасдиқгардида оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ доир гардид.

12.02.2015 | 05:00 |
Хонда шуд 3256 маротиб

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир дар ҷараёни пардохти нафақа ва кўмакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт пардохти нафақаи 331732 нафар ё 50,2 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро дар 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 79,3 млн.сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.

23.01.2015 | 20:00 |
Хонда шуд 3643 маротиб

Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта шуд.

12.01.2015 | 05:00 |
Хонда шуд 2865 маротиб

Санаи 12 январи соли 2015, соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 доир гардид.

09.01.2015 | 05:00 |
Хонда шуд 3096 маротиб

Бо мақсади таъмини қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Агентӣ дар соли 2014 бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ намуд.

02.12.2014 | 11:05 |
Хонда шуд 3088 маротиб

Имсол ба ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Дар давоми ин солҳо Иттиҳоди Аврупо як қатор барномаҳои давлатиро барои рушди устувори нерўи инсонӣ ва инкишофи иқтисодиёт амалӣ намуд.

05.09.2014 | 11:20 |
Хонда шуд 3285 маротиб

Сомонаи расмии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш карда шуд.
Акнун тамоми маводҳоро шумо метавонед аз сомона дастрас намоед.

Дополнительная информация