07.08.2019 || 16:33

Семинар оид ба омўзиши санадхои меъёрии хукукии сохаи сугуртаи ичтимои ва нафака

  Дар толори маљлисгоњи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи Лоињаи Иттињоди Аврупо «Кумаки техникї оид ба ислоњоти соњаи нафаќа дар Тољикистон ва Барномаи Таълимии Тренерњо (ТОТ) бо иштироки кормандони раёсатњои Агентї дар шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї аз 6 то 9 августи соли 2019 семинари омўзишї баргузор гардид.

  Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Д.А. маќсади асосии ташкили семинари мазкурро ба њозирин баён намуда, омўзиши санадњои меъёрии њуќуќии соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, ташкили манбаи ќонунгузорї ва дар амал дуруст ба роњ мондани онњоро дар татбиќи сиёсати иљтимоии кишвар, таќвияти захирахои кадрї ва инчунин омўзиши барномаи электронии њисоботњоро муњим арзёбї намуд.
   Сипас, роњбари Лоињаи Иттињоди Аврупо «Кўмаки техникї оид ба ислоњоти соњаи нафаќа дар Тољикистон" Даниел Варотник изњори умедворї намуд, ки бо Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукукмати Љумњурии Тољикистон минбаъд низ њамкории судбахшро бањри амалї намудани низоми нави нафаќаи Тољикистон ба роњ мемонанд.
   Дар семинар омўзиши масъалањо оид ба тартиби баррасии мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, тањия ва тасдиќи буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, тањия ва пешнињоди талабот, маблаѓгузорї ва пардохти нафаќа ва иловапулињо тариќи кортњои бонкї, њисоб ва пардохти кўмакпулињои иљтимої, низоми баќайдгирии инфиродии шахсони воќеї, њуќуќї ва соњибкорони инфиродї, кор дар барномаи автоматикунонидашудаи њисоб ва таъини нафаќањои суѓуртавї ба наќша гирифта шудааст.

 

Хонда шуд 997 маротиб

Дополнительная информация